Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Шайх ба ман рўй оварда, китоберо кушода гуфт: «Эй инсон, ту аввал худро шинос, аз он пас Худоро хоҳӣ шинохт ва инсони комил хоҳӣ шуд».

ХУДШИНОСӢ ЧИСТ?

Ҷисми инсон монанд ба кишварест, ки подшоҳ дорад.
Подшоҳи ҷисму тан дил аст. Дил ки подшоҳ бошад, вазири ў ақл аст. Подшоҳу вазир кишварро идора мекунанд. Дилу ақл – идоракунандаи ҷисму тани инсон, омили некию бадӣ, хушбахтию бадбахтӣ, ин ду ҳокими фармонравою роҳнишондеҳ ҳастанд.
Дар ҷисм шаҳват омили хироҷ буда, ба дурўғгўӣ, беҳудагардӣ сабаб мешавад ва хилофи ақл амал мекунад.
Дасту пой – ходим, хизматгор; чашм – ҷосус аст, ки дар як мижа задан замину осмонро тай мекунад ва бо ҳавас ахбор ҷамъ менамояд ва онро ба дил мерасонад. Агар дил бо ақл машварат накарда, кореро ба анҷом расонад, дуздию ғоратгарӣ, қатлу таҷовуз сар мезанад.
Ахлоқ чор аст: а) ҳайвонӣ – хўрдану шаҳват рондан; б) ба тимсоли даррандагон – саг, гург, шер ва ғайраҳо – даридану хўрдан, ғорату тороҷ кардан; в) шайтонӣ – девон, парию аҷинаҳо – кинаю адоват, фитна ва ҳавасро дар дилҳо коштан; г) ахлоқи малак – ақл, некӣ, хушбахтӣ ва худу Худоро шинохтан. Ин чор ахлоқ дар инсон вуҷуд дорад.
Хислат низ чор аст: а) хислати ҳайвонӣ – хук, хар, гов ва ғ.; б) хислати даррандагӣ – гург, саг, шер ва ғ.; в) хислати шайтонӣ – дев ва ғ.; г) хислати фариштаҳо, ки мансуби инсони комил мебошад.
Шахсони хислати фариштагидошта бо машварати ақлу фармони дил дар як мижа задан осмону заминро сайр карда, пардаи асрор мекушоянд, ки аз паси парда сурату симои анбиёву авлиё намудор мегардад. Пардаи асрор кушода мешаваду ў ба олами малакутӣ парвоз мекунад ва Кимиёи Саодатро дармеёбад.

пешина
аз 191
навбатӣ