ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
– Хуну пўсти ҳашт миллион нафар тоҷику тоҷикистонӣ як хелу якранг ва онҳо бо ҳамдигар дўсту бародар мебошанд.
Профессор И.М. Фанфилов рад карда гуфт:
– Не, лейтенанти калон, ту ҳамватанонатро ҳимоя мекунӣ. Чӣ хел тоҷикон бо ҳам дўсту бародаранд, ки шаш моҳ пеш дар Электростал тоҷик тоҷики худашро барои аз худ кардани пулу мол ба ҳалокат расонд.
Фарҳод аз ин сухани духтур дар аввал ранҷид, барои ин, ки ҳамватанонашро мазаммат мекунад ва сонӣ ҳисси кунҷковияш афзуда гуфт:
– Вай чӣ хел тоҷик будааст, як вақтҳо шумо лулиҳои аз Осиёи Марказӣ омадаро ҳам тоҷик меномидед. Мо таъриху тамаддуни панҷҳазорсола дорему эронинажоди ориёӣ, ки озодагон ҳам меноманд, ҳастем. Давлатҳои бузурги Куруши Кабир ва Сосониёну Сомониён аз лаби баҳри Ҳазар то девори Чин доман паҳн карда буданд.
Адолату шўҳрати Анўшервони Одилу Куруши Кабир ва Исмоили Сомониро таърихи башарият надидааст. Дар асри IX мо дар шаҳри Бағдод мадраса, яъне донишкадаи олӣ доштем, аммо Аврупою Амрико хоб буданду дар дара, дар хаймаҳои хасӣ зиндагӣ мекарданд. Ҷаҳониён то ба имрўз аз илми бузурги Абўалӣ ибни Сино, рубоиёти хаёлангези Умари Хайём, фалсафаи Мавлавии Ҷалолиддини Балхию Форобӣ, Имом Ғаззолӣ, ғазалиёти Саъдию Ҳофиз, достонҳои Ҳаким Фирдавсии бузург истифода мебаранд.
Профессор гуфт:
– Бале, бале, мо, духтурон, дар назди Абўалӣ ибни Сино, Ал-Берунӣ, Закариёи Розӣ ва дигар ниёгони бузурги шумо сари таъзим фуруд меорем, лекин ҳоло не.
Чаро? Барои он, ки маърифатнокии баъзе аз мардуми шумо хеле паст рафтааст. Имрўзҳо, ҳатто дар кўчаю гулгаштҳо, дар дохили қатораю ҳавопаймо русҳо китоби кўҳна ва маҷалла мутолиа мекунанд. Шумо чӣ? Ман адабиёти бузурги шуморо хеле хуб медонам. Муаллиме аз Тоҷикистон дар беморхона бистарӣ шуд, бо ў баҳс кардам ў рубоиёти Хайёмро намедонад ва китобҳои бадеӣ ҳам нахондааст, ба инаш чӣ мегўед?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё