ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Фарҳод аз ин суханони профессори пири рус дар хиҷолат монд ва ба дил гуфтаҳои ўро тасдиқ мекарду худ ба худ мегуфт: «Аз касофати ҷанги шаҳрвандӣ мо ба ин аҳвол афтодем. Агар корхонаҳои саноатӣ медоштем, мўҳтоҷи хориҷиён намешудем. Афсўс, сад афсўс, ки чизе ғайр аз ашёи хом истеҳсол намекунем». Фарҳод хиҷолатмандона аз профессор пурсид:
– Шаш моҳ пеш кадом тоҷикро ба қатл расонда буданд?
Профессор гуфт:
– Як тоҷик, ки дар шаҳри Маскав солҳои зиёд кор карда, ба он корхона ҳамшаҳриҳояшро аз шаҳри Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда будааст, дар наздикии вокзали Қазон ҳамшаҳриҳояш бо ёрии ғоратгарони маскавӣ ўро ба қатл расондаанд ва пулу молашро ба ғорат бурдаанд.
Фарҳод гуфт:
– Аз шаҳри Ваҳдат бошад, ному насабаш дар ёдатон нест?
Профессор гуфт:
– Ҳаст, Очилов Салим!
Фарҳод дар хурдияш Салимро мисли хобу хаёл дида буд. Ҳама ўро на Салим, балки корчаллон мегуфтанд. Аз шунидани ин хабари шум ў хеле дар хиҷолат монд ва аз маърифати пасти баъзе аз ҳамватанонаш афсўс хўрд.
Баъди як моҳу даҳ рўз Нормурод ба худ омад. Фарҳод ҳамшаҳрияшро тез-тез хабар гирифта меистод. Рўзи 41-ум профессор ба Нормурод гуфт:
– Нормурод Сафоевич, пагоҳ шуморо ҷавоб медиҳем.
Маблағ пайдо карда, тез ба ватанатон баргардед ва муолиҷаро дар он ҷо давом диҳед. Ба ҳамшаҳриятон лейтенанти калон Фарҳод Вафоевич аз ҷону дил изҳори миннатдорӣ кунед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё