ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Рўз ба поён омаду шаби сеюм наздик шуд. Охир ў бояд дар давоми се шабонарўз худашро дар қайд монад.
Баъд аз се шабонарўз, агар ба дасти милиса афтад, вой бар ҳолаш! Албатта, ўро бозмегардонанд (депортатсия мекунанд). Қатораи аз Тоҷикистон омада кайҳо бозгашта буд. Нормурод аввалин маротиба дар ҳамин шаҳри овозадор, ки қалби Федератсияи Русия меномандаш, дид, ки одам метавонад рўйи пиёдароҳ, даруни ҷўйи ду канори роҳ ва дар чоҳ (калодетс) биафтаду бе ҳушу бе ёд хоб кунад, вале касе ба додаш нарасад ва нагўяд, ки ин инсон аст ё ҳайвон, ҳатто сагу гурбаҳои дайду дар ин шаҳр аз одам дида боэҳтиромтар мебошанд. Ба тарафи сагу гурбаҳо пораи нон ва ҳасиб ҳаво медиҳанд, аммо ба одам не. Дар ин шаҳр баланд гап намезананд, ҳазлу шўхӣ намекунанд, гўё ба ин вақт ҳам надоранд. Мардум чун мўрчагон доимо шабу рўз дар шитобанд. Ў ба ёд меовард, ки дар ватанаш ҳамсоягон бо ҳамдигар дўсту меҳрубон, доимо аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабар шуда меистанд ва шиоре ҳам доранд, ки мегўянд: «Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур». Дар ин шаҳри овозадору калонтарини дунё акси аҳволро мебинад. Ҳамсоя ҳамсояи худро бад мебинад ва ҳамеша аз болои ҳамсоя барои кори дупула ба милиса арзу шикоят мекунад. Онҳо мехоҳанд, ки ту ин ҷо, дар ин шаҳр набошӣ. Дуртар рав, танҳо бош, зеро ки онҳо танҳоиро дўст медоранд. Фақат худашону сарашон.
Падару модари пири маъюбу нотавон бо хорию зорӣ дар шаҳри Маскав, писарону духтарони ҷавони неруманди соҳиби молу амволи зиёдашон дар Шарқи Дуру Сибир ё дигар шаҳрҳои Русияи паҳновар зиндагонӣ мекунанд.
Солҳои пешин ҷавонону мўйсафедони мо, тоҷикон, дар чойхонаю ошхона як пора нону чойники чойро танҳо намехўрданд, албатта, касеро даъват мекарданд, ки чою нон дар баданашон ошӣ кунад. Ин хислату рафтор дар хуни ҳар як тоҷику мусалмон аз қадимулайём ҷорӣ мебошад. Дар ин кишвар тамоман расму русуми дигар ҳукмфармо буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё