Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Шахсе ки нон ва ё таом мехўрад, касеро таклиф намекунад, пушташро гардонда мехўрад.
Рўзҳо пайиҳам сипарӣ мешуд, аммо аз Салими корчаллон дараке набуд. Нормуроди ба ҳайрат омада бо машаққат рў ба рў омад. Пулаш ба охир расида истодааст. Як шабонарўз инҷониб чизеро начашидааст, даҳону забонаш хушку часпон шуда, пеши чашмонаш гоҳо сиёҳӣ зада, сараш чарх мезанад. Азоби зистан, нафас кашидан, бо умеде сабр кардан барояш бисёр вазнину даҳшатовар буд. Ў фикр мекард, ки наход ин сарзамини бегона ҷавонони диёри кўҳсоронро ин қадар дилсангу бешарафу ваъдахилоф карда бошад, ки касе чун Салими донои корчаллон ба суроғаш намеояд. Наход Салим маро дар ин диёри дури ноошно яккаву танҳо гузорад?! Ҳолам чӣ мешавад?

ОҚИБАТ ДАР БАНДИ ПОЛИС

Бо ҳамин фикру орзуҳои сўзнок дар кунҷаке, дар дохили вокзал дар бари бомжҳо Нормуродро хоб бурд.
Бистараш сангу болинаш борхалтааш буд. Чунон хоби бароҳаташ бурд, ки гўё дар болои ҳафт қабат кўрпачаю болини пари қу хоб аст. Ў хоб дид, худро дар лаби об дид.
Оби сели пуртуғён Салимро печонда мебурд. Хост ҳамсинфашро ёрӣ дода, аз ин балои азим наҷот диҳад.
Салим дасташро дароз карда гуфт:
– Нормурод, наҷотам деҳ, ки ғарқ мешавам!
Нормурод даст дароз карда хост, ки аз банди дасти ў дорад. Дар ҳамин вақт аз пас ду саги калони занҷирбанд ба Нормурод ҳамла карданд. Нормурод ҳам ба дарёи пуртуғёни сиёҳу тира афтод ва «Наҷотам диҳед!» гуфта, дод зад. Дар ҳамин вақт зарбаи чўбдастаеро дар сару миён ҳис кард ва бо забони русӣ ду кас мегуфтанд: – «Вставай, чурка, терорист!» (Хез, ғўлачўб, терорист!).
Дигарӣ илова карда мегуфт: – «Нет, какой он терорист, он наркоман или наркомафия!» (Не, ин бадафт чӣ хел терорист аст, ин бангӣ ва ё нашъаҷаллоб аст!).

пешина
аз 191
навбатӣ