Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Нормурод аз наздиконаш бо зораю нола пул қарз гирифта, роҳкиро карда, бо қатора ба шаҳри Маскав омад. Аввалин дидор бо Маскав ўро ба ҳайрат гузошт.
Дар вокзали Қазон мусофирону бехонагонро дид ва ба ҳоли онҳо раҳмаш омад. Бехонагонро “бомж” мегуфтанд.
Онҳо дигар одам набуданд, балки махлуқе шабеҳи одам буданд ва дар тан либосҳои жанда, тираранг ва чиркин доштанд, симову сураташон ба монанди либосашон тираву чиркину бенур буд. Ин махлуқони шабеҳи одам аз партовгоҳҳо мисли зоғони сиёҳ ризқу рўзӣ ва қути лоямути худро бо азобе пайдо мекарданд.
Ду шабонарўз Нормурод ҳамроҳи ин овораҳо вақти қимати худро дар вокзали Қазон гузаронид, аммо аз Салими корчаллон дараке набуд. Ба даргоҳи Худованд дуою муноҷот карда, хоҳони он буд, ки рўзе ба ин ҳоли табоҳ наафтад. Бепул, бекас, бемакон. Ў гуфтаҳои калонсолонро ба ёд меовард, ки мегуфтанд: – «Дар даврони Иттиҳоди Шўравӣ ҳама марду зан, хурду калон аз коргари оддӣ сар карда, то вазиру котибони Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист баробарҳуқуқ буанд. Дар ин давра бою гадо набуд. Маскав марказ, қалби Иттиҳоди абарқудрати бузургу паҳновари Шўравӣ буд. Касе ба касе кор надошт, ҳама миллату қавмиятҳо бо ҳамдигар бародару дўсти мушфиқ». Магар онҳо дурўғ мегуфтаанд.
Ё баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ демократия низоми давлатдории Русияро дигаргун сохтааст. Ў фикр мекард, ки аз нахустин дидор бо Москва, аз аввалин қадами рўйи сангфарши вокзали Қазон гузаштан ба як бомжи овора табдил ёфтааст. Худо карду агар Салими корчаллон наояд, ў чӣ кор мекарда бошад?! Дар ин диёри ноошно ҳар дақиқаю сония дар назари Нормурод соату рўз менамуд ва фикрҳои бади носавоб ҳар лаҳза чун гургони гурусна қалбашро тала мекарданд. Чаро Салим дер кард, ё ягон воқеа рўй дод?! Бе ў чӣ бояд кард? - фикркунон қадам мезад.

пешина
аз 191
навбатӣ