ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
– Нормурод, дар ин ҳашт соли хондану кор карданат соҳиби ягон чиз шудӣ?
Нормурод гуфт:
– Бахт омад накард. Ба мактаби олӣ дохил шуда натавонистам. Дар як моҳ 300 сомонӣ маош мегирам, ки ба хўрду хўрок базўр мерасад.
Салими корчаллон аз ин суханони ҳамсинфаш ба ҳаяҷон омада, бо худнамоӣ гуфт:
– Эй Нормуроди нодон, ту бо 300 сомонӣ чӣ тавр зиндагонӣ дорӣ, ман ҳайрон мешавам. Бо 300 сомонӣ ман ба хўрокхўрӣ намеравам, ҳар як таъоми мехўрдагии ман аз ин маоши ту зиёд аст. Ман дар шаҳри Маскав ҷойи кор дорам, худам кор намекунам, миёнаравӣ карда, моҳе то 4-
5 ҳазор доллари амрикоӣ маош мегирам. Як моҳ пас ба Маскав бармегардам ва ба ту занг мезанам. Биё, дар давоми 5-6 моҳ соҳиби маблағи зиёд мешавӣ ва омада хонаю мошин мехарӣ.
Нормурод ин таклифи ҳамсинфашро ба зану модараш гуфта аз онҳо маслиҳат пурсид. Модараш Нозия гуфт:
– Бачам, ними нон – роҳати ҷон. Биё бо ҳамин кам қаноат куну дар ватан, дар назди зану фарзанду модару падарат истода шукри Худоро ба ҷой ор, ризқ азалӣ аст.
Зани Нормурод, Олуфтамоҳ, бошад, баръакс, ба шавҳараш рўй оварда мегуфт:
– Ту аз Салими корчаллон чӣ камӣ дорӣ?! Хонаю дари ўро бин, ҳуш аз сарат мепарад. Ризқу рўзӣ гуфта гаштаӣ.
Худо гуфтааст: «Аз ту ҳаракат – аз ман баракат». Рав, кор карда биё, хонаи нав месозем, мошини тамғаи хориҷӣ мехарем! Ман аз кадом зан камӣ дорам. Сару либоси занони ҳамсояро бин! Шарм намедорӣ, ки ман бо ҳамин либосҳои оддӣ мегардам! Рав! Рав!
Моҳи апрел Салими корчаллон ба Нормурод аз шаҳри Маскав занг зада гуфт:
– Нормурод, чипта харида тез ба шаҳри Маскав парвоз карда биё! Ба ту ҷойи кори сердаромад ёфтам!
Соҳиби хонаю мошин мешавӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё