ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Мумкин, ў падари асосиашро дидан замон ба ҳаяҷон омада, аз тарс ва ё бадбинӣ ба ягон беморӣ гирифтор шавад. Валӣ хомўш шуд, зеро ки мақсади бародарашро пурра фаҳмид.
Борхалтаҳоро дар бордони мошин гузоштанд.
Писарбача музди меҳнаташро талаб накарда, хост баргардад. Дар ҳамин вақт Валӣ ба ў хитоб карда гуфт:
– Бачаҷон, ҳаққи хизмататонро намегиред?
Ў ба худ омада дар ҷояш истод ва ба тарафи онҳо баргашта, сар ба пеш афканда чизе гуфтанӣ буд, аммо ҷуръат накард. Вафо як 100-сомониро ба кисаи пеши куртааш хост андозад. Писарча ба ҳолати рад даст афшонд ва аз кисаи шимаш се яксомонӣ бароварда гуфт:
– Ако, бақия надорам.
Валӣ гуфт:
– Бақия даркор нест. Гир, ин музди ҳалоли хизмати шумо аст!
Писарча гарданашро каҷ карда гуфт:
– Не, акоҳои ғамхор, ин музди ҳалоли ман нест, музди ҳалоли ман як сомонӣ ҳаст. Мо дар ин бора пеш аз хариди шумо шартнома баста будем, ки ба ивази як сомонӣ ба шумо хизмат мекунам.
Хулоса, Вафою Валӣ ҳарчанд зорию тавалло карданд, писарча ғайр аз як сомонӣ дигар ягон маблағи онҳоро қабул накард. Бо ҳамин онҳо бо ҳамдигар видоъ карда, писарча барои давоми кораш ба тарафи бозор, Вафою Валӣ ба сўйи хонаашон раҳсипор гардиданд. Ин вохўрии тасодуфӣ барои Вафо ниҳоят вазнину гарон афтод. Хоб аз чашмонаш фирор кард. Шабу рўз дар ёди Юсуфи гумкардааш ҳамчун Яъқуби пири ҷабру ҷафокашида беқарорӣ мекарду ғамгину гирёну нолон буд ва мегуфт:
Чашм аз рухи ту ҷойи дигар натвон бурд,
Савдои ту аз сина бадар натвон бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё