Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

– Бале, бале, Валиҷон, шинохтам! Ин дилу ҷигар, хуни равони ман, Нормуроди хору зори салафанфурўши ман аст.
Дар як лаҳза ашк дар чашмони сиёҳи Вафо ҳалқа зад ва ба бари рўяш ҷорӣ шуда, дар пероҳани сафеди афсарияш чакид. Валӣ ин ҳолатро дид ва бо оҳанги таассуф гуфт:
– Вафоҷон, имрўз чӣ вохўрии ғайричашмдошти аҷоибу ғароиб. Як ба Нормурод нигаред, шабеҳи шумо аст, ҷавонию наврасии падарашро сад фоиз ба худ мерос гирифтааст.
Аз нигоҳу имову ишораи ин ду ҷавонмарди харидкунанда Нормурод дар аввал ҳайрон шуд ва сонӣ чизеро ҳис кардагӣ барин ба симою сурати онҳо бо диққат нигариста, гуфтаҳои модар ба ёдаш омад: – «Падарат афсари баландрутба аст, сару либоси афсарӣ ба ў мезебад, аммо одами хуб нест. Моро аз хонааш ронд ва туро зиндаятим кард. Дар Русия зану фарзанд дорад».
Наход ҳамин одами хушқаду қомат ва хушгуфтору хушрафтор падари ман бошад?! Не! Не, ҳаргиз ин падари ман нест. Падари ман одами бадгуфтору бадрафтор аст.
Дар бораи корҳои баду носавоби ў борҳо падару модарам гуфта буданд. Бо ҳамин фикру хаёл чӣ тавр вақт гузаштааст, надонистанд. Дар як они воҳид ҳамаи он меваҷоту сабзавотро харида, ба тарафи мошини дар тафаққуфгоҳ гузоштаи Вафо равон шуданд. Дар роҳ Валӣ пурсид:
– Бачаҷон, дар синфи чандум мехонед?
– Даҳум!, – кўтоҳ ҷавоб дод писарбача.
– Шумо дар куҷо зиндагонӣ мекунед?
– Дар кўчаи Абдураҳмони Ҷомӣ!
Аз ин саволҳои Валӣ симову сурати писарбача тағйир ёфт. Қариб буд, ки борхалтаҳоро партофта, фирор кунад.
Он чи, ки дар қалби кўчаки ин кўдак мегузашт, Вафо ҳамаи онро аз рўйи таҷриба ва меҳри падарӣ мехонду медонист. Аз ҳамин сабаб даст дароз карда, аз бозуи Валӣ дошта, зер кард ва ишора кард, ки кўдакро ба ҳоли худаш гузорад, зеро ки майнаи ўро солҳост, ки заҳролуд кардаанд.

пешина
аз 191
навбатӣ