ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Вафо шаб дар хоб, рўз дар бедорӣ дар ёди Нормурод буд ва орзу дошт, ки бо ў вомехўраду бегуноҳии хешро исбот мекунад. Охир ў ба синни 16- солагӣ қадам мемонад. Бояд хубро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ кунад. Афсўс, сад афсўс, ҳар он чизе, ки Вафо барои Нормурод мефиристод, Сафою Нозия пинҳон карда, дар бораи хислатҳои бади Вафо қиссаву ҳикоя ва афсонаҳои бардурўғ мебофтанд. Аз таъсири ин суханони ноҳақ майнаи Нормурод заҳролуд гардида, нисбати падари ҳамхунаш дар дилаш кинаву нафрат мепарварид. Ў падарандарро падари асосии хеш медонист. Охир одам ҳайвонро ба воситаи сухан ба рақс медарорад.
Рўзе Вафою бародараш Валӣ ба бозор омаданд ва меваҷот хариданд. Дар вақти бо тарозу бар кашидани мева писарбачаи сабзинаи қоматбаланди дар дасташ борхалтаҳои зиёде ба онҳо илтиҷоомез муроҷиат карда гуфт:
– Акоҷон, мана ин борхалтаро гиред, ман боратонро то пеши мошин мебарам, бар ивазаш ҳамагӣ як сомонӣ диҳед.
Чашми Вафою Валӣ ба писарбача афтод. Онҳо дуру дароз ба ҳамдигар чашм дўхтанд. Овоз, қаду қомат, абрўю бинӣ, лабу даҳон, имову ишораи писарбача ба Вафо монанд, як себи дукафон буданд. Валӣ гуфт:
– Майлаш, бачаҷон, ба мо ёрӣ деҳ, муздашро медиҳем.
Дили Вафою Валӣ дар қафаси сина чун мурғони ба ҳаяҷономада гурс-гурс метапиданд. Валӣ ба бародараш чашмак зада гуфт:
– Шинохтӣ?
Вафои ба ҳаяҷономада дар обу арақ ғўтида, шитобон кала зада гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё