ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Тақдиру қисмати азалӣ бар сари фарзанди одам ҳар он чӣ хушбахтию бадбахтӣ меорад, ҳамааш оҳиста-оҳиста чун абрҳои сиёҳу тираи баҳорӣ бо мурури замон аз пеши назар мегузаранд.
Аз миён солҳои зиёд сипарӣ шуд. Вафо Донишгоҳи ба номи М.В. Ломоносовро бо дипломи сурх хатм карда, афсари баландрутбаи Горди Миллӣ шуд ва бо духтари паричеҳрае бо исми Садоқат ақди никоҳ баста, хонадор шуданд. Аз зиндагонии якҷоя соҳиби се нафар фарзанд шуданд. Нозияю Сафо ҳам аз зиндагонии якҷоя соҳиби ду фарзанд гардиданд.
Модари Наосуда дар ғаму дарди фарзандонаш аз хўрду хўрок монда, чун чўб хушк шуд ва фавтид. Бори зиндагӣ ба дўши Наосуда афтод. Ў дар хонаи аз падару модар мерос мондааш аз уҳдаи хўрондану пўшондани бародари маъюбу ду нафар тифлаш баромада наметавонист. Аз ҳамин сабаб кўдаконро бо қарори раиси шаҳри Ваҳдат аввал ба хонаи кўдакони шаҳри Душанбе ва баъд ба мактаб-парваришгоҳи ҷумҳуриявӣ фиристоданд. Наосуда аз ҳисоби хизматаш дар хонаи ҳамсоягону бозор худу бародари бемору маъюбашро мехўронд. Ў аз субҳи содиқ то намози шоми торик барои пайдо кардани қути лоямуте заҳматҳои сангин мекашид.
КАШИШИ МЕҲРИ ФАРЗАНД
Ғамҳои туро, ки пеши кас накшудам,
Хун шуд дили ман, ба гиря берун додам.
Дур аз ту чӣ гўям, ки чиҳо мебинам,
Акнун, ки зи дидани ту дур афтодам.
Вафо, ки даст ба домони илму маърифат зада буд,
оқибат соҳиби мансаби калону молу амвол, хонаву дари
бодабдаба ва хусусан маҳбуби дили одамони мўҳтоҷу
яккаву танҳо ва ятимон гардида буд. Ў дар давоми солҳои зиёд ҳар моҳ ба фарзанди қисмат аз ў зиндаҷудо кардааш Нормурод хўрока, либоса ва маблағҳои калон мефиристод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё