Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бо тарсу ларз дарвозаро кушод. Сафо ғур-ғуркунон гуфт:
– Канӣ модарат? Кўдакон куҷоянд?
Наосуда ларзону гирён зорию илтиҷо карда гуфт:
– Сафоҷон, садҳо илтимос, ба модари дилу ҷигарсўхтаам нарас ва чизе нагўй, ў тобу тоқати ҳеҷ чиз надорад, ҳалок мешавад, кўдакон метарсанд.
Тоҳиру Зўҳро дар ин ҳолат чандин маротиба аз падарашон шаппотии обдор хўрда буданд, аз ҳамин сабаб онҳо бо шитоб дар таги домони модаркалони захминашон пинҳон шуда, пичиррос зада дир-дир ларзида мегуфтанд:
– Эй Худоё, дадам маст омад. Кошкӣ тезтар хобаш барад, ки мову модарамонро назанад.
Сафо калавида-калавида ба назди кампир омад ва дергоҳ чун дарранда ғурриш карда гуфт:
– Эй кампир, духтари қоқи пўсту устухонатро се талоқ кардам! Дигар ў ва кўдаконаш ба ман даркор нестанд!
Ман зани дигар мегирам! Рафтам! Ла-ла-ла...!
Сафо калавида-калавида аз дарвоза берун шуд ва аз берун як лагад ба дарвоза зад. Бо забони ним русию ним тоҷикӣ дашном дода, вою додгўён ғайб зад. Модари Наосуда ба як нуқта дуру дароз нигариста, фақат милак мезад, чизе намегуфт. Ў дар ғаму дарди ҷигарбандони ғурамаргаш банд буд, дигар парвои ягон кори дунё надошт. Фақат мегуфт:

Фарзанд, агар аз ҷафои ту хоҳам мурд,
Ҳам дар талаби ризои ту хоҳам мурд.
Гар ман зиям, ба меҳри ту хоҳам зист,
В-ар мемирам, барои ту хоҳам мурд.

Ғаму дарди айём кайҳо ҷисми ўро куштаю ҷонашро
монда буд. Ҷабри фалак ҳамин аст, касеро барои
хушбахтии хеш бадбахт кардӣ, ҳеҷ гоҳ ту худ хушбахт
нахоҳӣ шуд. Баъд аз се рўз Нозияю Сафо ақди никоҳ баста, гўё «хушбахт» шуданд ва Вафою Наосуда бошанд, тарки ёр карда «бадбахт» гардиданд.

пешина
аз 191
навбатӣ