Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Нозия қадам мезаду ин рубоии Амир Хусрави Деҳлавиро замзама мекард:

Ҳаргоҳ, ки ёди рўйи хуби ту барам,
Дар боғ равам бар гули насрин гузарам.
В-аз ҳасрати он чашм, ки рафт аз назарам,
Дар пеш ниҳам наргису хуш менигарам.

Дар ҳамин вақт касе аз китфаш дошта гуфт:
– Ҳа, маҷнуни асри XXI! Ин қадар ошиқи шайдо шудед!
Сафо ба ақиб нигариста, дар бараш бародари Нозия, Ботурро дид. Ботур ҳам маст буд. Дар урфият мегўянд:
«Дузд дуздро дар шаби тор мешиносад», дар ҳақиқат Ботуру Сафо ҳамхислат буданд. Ҳарду ба тарабхонаи «Табассум» рафтанд. То соатҳои даҳи шаб нўшиданду рози дил гуфтанд. Ҳарду масту аласт баҳс мекарданд. Дар охир Ботур бо занаш савганд ёд кард ва ба Вафо гуфт, ки агар ҳамин шаб рафта, занашро се талоқ кунад, пагоҳ Нозияро ба никоҳи ў медарорад. Хоҳед дар хонаи мо, нахоҳед, хонаеро иҷора гирифта, зиндагиятонро ба роҳ монед.
Ақрабаки соат ба 12-и шаб наздик мешуд, ки дарвозаи модари Наосударо касе бо санг сахт-сахт мекўфт.
Наосуда бо модар, як бародари ноқисулақл ва ду тифлаш зиндагонӣ мекарданд. Падараш кайҳо фавтида буду ду бародараш – яке муҷарради 20 сола, дигаре соҳиби ду фарзанд ва 26 сола, ки барои қути лоямути модару зану фарзандонашон нахустин маротиба озими Федератсияи Русия шуда буданд. Пас аз шаш моҳи ҳиҷрат ҷасади ҳарду муҳоҷири ғариби гулгункафанро ба ватан оварданд. Модар дар ғами ҷигарбандон ним мурдаю ним зинда, чун кирми лойхўрак печу тоб мехўрд. Ў дигар қуввату дармони ягон хел ғаму дарди дигарро надошт.
Наосуда хислату рафтори шавҳарашро хеле хуб медонист ва ҳис кард, ки Сафо маст шуда омадааст.

пешина
аз 191
навбатӣ