Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҲИЛАВУ НАЙРАНГИ НАВБАТӢ

Хабари Нозияро талоқ додани Вафо, чун боди сабо ба гўши Сафо расид. Ў аз хурсандӣ гўё болу пар баровард.
Охир нақшаи кашидаи кампири Ҳиҷрон ва Сафою Нозия акнун ҷомаи амал мепўшад. Ошиқони дерин пас аз интизориҳои тўлонӣ ба мақсад мерасанду аз висоли ҳамдигар коми дил меситонанд. Бо маслиҳату машварати Нозияю модар Сафо занаш, Наосудаи бечораро бо ду тифли бегуноҳ, Тоҳиру Зўҳро ба хонаи модарарўсаш бурда монд. Як моҳи расо ба суроғи онҳо нарафт. Дар давоми ин як моҳ, ҳамчун хонадомод дар хизмати модару бародарони Нозия заҳмат мекашид.
Рўзе Нозияю модараш Сафоро даъват карда гуфтанд:
– Сафо, занатро талоқ деҳ ва худатро бедумча куну биё дар хонаи мо зиндагонӣ кунед. Баъд фикр карда мебинем.
Ишқи Нозия Сафоро чунон гўлу гумроҳ карда буд, ки ў дигар фикри зану фарзандро карда наметавонист.
Нозияю модараш Сафоро ҳамчун лухтак, робот ва манқурт кор мефармуданд ва истифода мебурданд. Агар онҳо ба Сафо фармон медоданд, ки фалон касро қатл кун, ў рад накарда, иҷро мекард. Ба қавли занони кўча Сафоро гармию ҷоду карда буданд, ки чун гўсфанди роҳгумкарда ба кадом тарафе ишора мекарданд, ба ҳамон тараф мерафт. Гўё шоир дар ҳаққи Сафо гуфта бошад:

Ҳар рўз ба кори ишқ шўридатарем,
Ё Раб, чи расвошудаи дарбадарем.
Сад ҷома кунем пора дар бадномӣ,
Як пироҳане ба некномӣ надарем.

Сафо шабу рўз фикру андеша мекард, ки чӣ хел ва чӣ
тавр аз зану кўдаконаш ҷудо шавад?! Орзуи висол ўро
сокини майхона гардонда буд. Сафои ширамаст дар боғи
Исмоили Сомонии шаҳри Ваҳдат дар фикру хаёли висоли

пешина
аз 191
навбатӣ