ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Бе рўйи ту мебарам ба сар умри азиз,
Зоеътар аз ин умр ба сар натвон бурд.
Вафо шабу рўз дар ҷустуҷўйи дидори фарзандаш буд.
Ў ба мактаб, ба хонаи Сафою Нозия бо ҳамроҳии Валӣ борҳо омада, хоҳиш кард, ки бо фарзандаш ақаллан моҳе як маротиба вохўрда, муошират кунанд. Онҳо ин хоҳиши Вафоро борҳо рад карданд. Дар охир ихтиёрро ба Нормурод ҳавола карда гуфтанд, ки агар писарбача хоҳад бо падараш вохўрад, гар нахоҳад, рад кунад.
Дар ҳузури чандин одамони бонуфуз ва бо иштироки Вафою Сафо Нормуродро пурсиданд:
– Мехоҳӣ, ақаллан моҳе як маротиба бо падарат Вафо вохўрӣ? Ў барои ту ҳамаи дархости дилатро муҳайё карда, ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва ё хориҷа бурда, дохил мекунад, ту чӣ мегўӣ?
Писарбача ба тарафи падар бо қавоқи овезон нигарист ва сипас падарандарашро нишон дода гуфт:
– Падари ман ҳамин кас, – ва Сафоро ба оғўш кашида, аз ду бари рухсораш бўсид.
Шахси холисе пурсид:
– Ҳоло падарат Вафо барои ту ғамхорӣ мекунад. Аз хурдӣ то ба имрўз, 16 сол инҷониб хўрондаю пўшонда истодааст, агар шуду гардиши фалак ўро мўҳтоҷу ниёзманди ту гардонд, парасторияшро иҷро мекунӣ ё не?
Нормурод гуфт:
– Боз мегўям, ки не, не, ҳаргиз бо ў вохўрдан намехоҳам!
Дунёи равшан дар як миҷа задан дар назди чашмони Вафо ба шабистони зулмоти торик табдил ёфт. Ў оҳи сўзноке аз дилу ҷигари сўхтаву чок кашида, аз ҷояш рост хест ва бо ду дасташ сарашро дошта гуфт:
– Шуд, шуд, ин бачаи маро чунон афсун кардаанд, ки ҳеҷ як насиҳат ба ў таъсир намекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё