Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ва агар рашк намоӣ, аз ҳазор душман душмантар бувад. Ва аз душмани бегона ҳазар тавон кард ва аз вай натвон...»
Наход Нозияи ў ҳам рашк карда бошаду бо камтарин инсон, яъне ҳарифи деринааш Сафо ишқварзӣ кунад?! Ин фикру андешаҳои носавоб чун гургони гуруснаи хунхор дилу ҷигари Вафоро тамоми шабу рўз бераҳмона талаю тороҷ мекарданд. Ў харобу хаста менамуд, рангу рўйи суп-сурхаш пажмурдаю заъфарон гашта буд. Чӣ кор карданашро намедонист, ба маслиҳату насиҳат ниёз дошт, аммо намехост, ки касе аз сирру савдояш бохабар шавад. Дар баҳри беканори ин фикру хаёл киштии андешаҳояш шино мекард.
Садои азони бомдодӣ риштаи тахайюлоташро канд.
Шитобон вузў карда, ба сўйи масҷид равон шуд. Баъди адои намоз дергоҳ ба даргоҳи Худованди мушкилкушо муноҷот намуд ва дасти дуо бардошт. Аз Худованд талаби онро мекард, ки дўстиву рафоқат дар хонадонаш барқарор гардад. Баъд аз ибодату дуо бо сад фикру хаёли ваҳмангез ба хонаашон наздик шуд ва даст дароз карда, хост дарвозаро кушода, дохили ҳавлӣ гардад, садою мағали занонае ўро боздошт. Шитоб накард, гўш ба садо дод. Ин овози модарарўсаш кампири Ҳиҷрон ва занаш Нозия буд. Нозияву модараш паст наомада, чун гургони гурусна ба кампири Фарзона таҳдид карда мегуфтанд:
– Аҷуза, ту худат ба Вафо маслиҳат додӣ, ки зани урусӣ бигирад. Ўро бигўй, ки ба хубӣ ҷавоби маро диҳад, вагарна сад ҷон дошта бошад, аз дасти бародарони ман ҷон ба саломат бурда наметавонад.

пешина
аз 191
навбатӣ