ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Бори дигар ба гуфтаҳои Унсурулмаолии Кайковус, Вафо тан дод, ки ин зани аз рашк девонагашта ба ҳар кори пасту зишт қодир аст. Дар ҳақиқат он шаб бахт ба рўйи Вафо хандиду мошини милисаҳо пайдо шуд, вагарна...
Оҳиста дарро кушода, вориди ҳавлӣ шуд ва бо як оҳанги гарму нарм гуфт:
– Модарҷон, чӣ гап аст, тенҷӣ, аммаам чӣ мегўяд?
Модару духтар интизори ҷавоби кампири Фарзона нашуда, ба ҳуҷум гузашта, бо қаҳру ситеза ҳарду баробар бо як овоз, гўё суруди хори умумиро месароиданд, ки мегуфтанд:
– Амма-паммат нест! Сар деҳ! Сар деҳ! Талоқ кун, баъд ба пеши Тамараат ба Самара баргард!
Вафо ҳарчанд зорию тавалло мекард, онҳо гўш накарда, якранг «суруд» мехонданд. Дар охир Вафо дар назди он ду зани бераҳм зону зада, ду даст пеши бар гирифта гуфт:
– Эй беинсофон, ман аз Нозия фарзанд дорам. Ҳолу аҳвол ва тарбияи Нормурод чӣ мешавад?
Онҳо гуфтанд:
– Ту сакалту зану фарзанд надорӣ! Зани ту Тамара, фарзанди ту Наташа аст!
Вафо савганд ба исми Худову Қуръон мехўрду мегуфт:
– Ин ҳама тўҳмату бўҳтон аст. Ман дар Маскав мехонам, ягон хел зану фарзанд надорам. Тамараю Наташа кист, ман намедонам. Мумкин ин бўҳтону ҳилаю найранги Сафо бошад?!
Дар баробари номи Сафоро ба забон гирифтан модару духтар ба Вафо ҳуҷум карданд. Бо нохунҳои тези ханҷармонанд Нозия сару рўйи Вафоро хуншор кард ва кампири Ҳиҷрон пероҳани сафеди намозхонияшро дар пайкараш пора-пора намуд. Бо ин ҳама разилию пастӣ, ҷабру ҷафо Вафо шитоб намекард, сабр мекард ва аз таги дил ба даргоҳи Худо дуо мекард, ки дар қалби аз васвасаи шайтон оташгирифтаи онҳо раҳму шафқатро пайдо кунад, то ки боиси хонавайронияш нагарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё