Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

– Рустам, ин туӣ?!
Дар ҳақиқат Рустам ду сол пас аз Вафо мактаби миёнаро хатм карда буду дар ҳамсоягии онҳо зиндагонӣ мекард. Вафоро ба беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат оварданд. Баъди муоинаи тиббӣ ҷароҳатҳои ўро дорую дармон карданд ва соати панҷи саҳар ба хонаашон оварда монданд. Модари беқарору чашминтизор захмҳои фарзандро дида, қариб буд ки беёд шавад ва шукри онро мекард, ки фарзандаш зинда баргаштааст. Фарзандашро дар оғўш гирифта, доғҳои сиёҳу кабудгаштаи сару рўйи Вафоро бўсида, талх-талх мегирист.
Таҳлилу тафтиши кормандони шўъбаи корҳои дохилӣ қариб як моҳ давом кард. Вафо сир бой намедод. Ҳатто сирашро ба модари ғамхор ҳам намегуфт. Ў яқину аниқ медонист, ки сабабгори ин ҳодисаи мудҳиш ёри тундхўю бадрашкаш, модари ягона фарзандаш Нозияи бадкирдор аст. Вафо зери лаб мегуфт:
Эй тундхў, биё ки дил оинаҳо шикаст, Дар ҳалқаи шуҳуд, вале бесадо шикаст.
Бар мулки хеш ҷумла ғарибему бепаноҳ, Садҳо умед дар дили мо, эй Худо шикаст...
Омад ба танг сина дар ин чорсўйи бахт, Рўҳам ба рўзи марг қазои азо шикаст.
Вафо ду нафари оншабаро ба хубӣ шинохт, яке Ботур, бародари калони Нозия ва соҳиби овоз рақиби деринаи ў Сафо буд, ки солҳо ошиқу шайдои Нозия буд. Сафо аз моҷарои байни Вафою Нозия хабардор шуда, барои ба мақсади деринаи худ расидан аз ҳама гуна ҳилаю найранг истифода мебурд.

ШИКАСТИ ИШҚИ АВВАЛ
Ҷонон ҳама тухми бедодӣ кошт,
Ғамҳои ҷаҳон бар дилу ҷонам бигузошт.
Нокарда ба рўйи ман ҷафое нагузошт,
Бо ин ҳама дўсташ ҳамебояд дошт.
Амир Хусрав Вафо «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковусро борҳо дар бораи ишқ варзидану андар зан хостан хонда буд ва гуфтаҳои он ҳазрат дар гўшҳояш садо медод: – «Ва бидон, ки занон аз рашк ба ғайрат мардонро бисёр ҳалок кунанд ва низ тани худро ба камтарин касе диҳанд ва аз рашку ҳамийят бок надоранд...

пешина
аз 191
навбатӣ