ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Ин насиҳат аз Насиҳатгар шунид:
“Даъвати ту ҷоиз аст дар ин ҷиҳод
Аҷри беҳад мар туро он Ҳақ диҳод.
Хоҳиши ту мақбули даргоҳи Ӯст,
Чун писанд аст пеши мо кумак зи дӯст.
Лек, бигӯй ту бар мане, ай дилсӯз,
Зинда бошанд волидайнат то ҳанӯз?”
Гуфт: “Оре! Дорам ман аз умму аб!”
Гуфт Паёмбар: “Оҳ, чӣ хуш аст лутфи Раб!
Лутфи ту дар назди эшон аст ҷиҳод
Чун ба дӯшат он амонат Раб ниҳод!
Рав зудтар наздашон чун хидмате
Бас ҷиҳод аст назди эшон, ай мутеъ!”
...
Бале, чун дар ривоят омадааст, рӯзе, яке аз умматони Паёмбари акрам (с.а.в.) назди эшон тохта меояду мегӯяд, ки дар ҷиҳоди навбатӣ, яъне, дар ҷанге дар роҳи вусъат бахшидани нақши Ислом дар рушд, мехоҳад, ки паҳлӯ ба паҳлӯ бо Паёмбар истода, биҷангад. Ва ӯ омода аст, ки ҳатто дар ин роҳ шаҳид гардад ва дар роҳи Худованд ҷонашро фидо кунад ва баҳри чунин як ҷиҳод кайҳо омодагии сахт гирифтааст.
Паёмбар (с.а.в.) ӯро то охир гӯш мекунад, лутф мекунаду пас, мегӯяд: “Албатта,
қасду орзуи ту шоистаи таҳсин аст ва Худованд ин азматро меписандад ва
мо низ ба кумаки дӯсте эҳтиёҷ дорем, вале ту ба ман бигӯй, ки падару
модарат зиндаянд?”
Он шахс мегӯяд, ки бале, зиндаянд ва мехоҳад, ки боз сухане бар замми он гуфта бошад вале Паёмбар (с.а.в.) дарҳол ба ӯ чунин мегӯяд: “Агар падару модарат зинда бошанд, пас, ҷиҳод дар назди онҳо авлотар аз ҷиҳод ҳамроҳи мост!
Зуд бирав ва дар хидмати онҳо бош ва коре бикун, ки онҳо дар ҳаёт ба чизе нигарону ниёзманд мабошанд. Ин аст ҷиҳоди ту!”
Аҳсан, дуруд ва салавот бар чунин як Ҳабиби Худованди бузург! Сипосу шукр мар чунин як Худованди меҳрубонеро ва ҳакимеро, ки ҳаққи падару модарро дар Қуръони карим дар ҷойи дувум пас аз ҳаққи худ донистааст ва амр ба некӣ намудан бар волидайн бар зиммаи бандагонаш вогузоштааст.
……….
- Оид ба масоили эҳтиром намудани волидайн ва мартабаву мақоми хоссаи модар аз рӯи гуфтаҳои Паёмбари акрам (с.а.в.).
Аз Паёмбар он яке пурсид: “Киро
Эҳтиром бештар намуд аз ақрабо?”
Лутф карду пас, бифармуд: “Байни ду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё