Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мо бояд донем, фаҳмем, ки ин ҳама офтобу хоку обу табиъат, куллан, ҳама офариниши Худованди қодир аст ва ин офаридаҳо наметавонанд “офаридгор” бошанд ва киройии парастишу ситоишу сипосу шукр бошанд.

Ин ҳама дар дасти Худованди ҳаким танҳо як асбоби коранд ва ин афлок, чун
Саъдӣ суруда буд, ҳама дар васфу тасбеҳу кору амри Худованд, дар коранд.

Бубин, дӯстам, ки мо гармиро аз офтоб мебинем, валекин ҳамон офтобе, ки дар гармо заминро гарм мекунад, айни ҳамон замон, наметавонад заминеро, мисол, дар Антарктида гарм карда бошад. Ва ё он хоке, ки метавонад дар як ҷо тухмеро парварад, наметавонад дар дигар қитъаи дунё “тухмпарвар” бошад.

Бубин, дӯстам, ки мо шифоро аз гиёҳу сангу кулӯху дигаре гӯиё ёфтаем ва дар ин кор камари ихлосро сахт бастаем, вале мо дар пушти “шифокории ин ҳама офаридаҳои Худо” Худоро намебинем ва ихлосро ба ӯ намекунем. Ва ҳоказо ва ҳоказо.

Пас, паси пардаи ин ҳама нақшаву кор, аслан ва аз азал Худованди меҳрубон буд, ки ин кор иҷро шуд. Ва бояд мо инро фаҳмида, ихлосро танҳо ба Ӯ, сипосро танҳо ба Ӯ гӯем, танҳо Ӯро ситоиш кунем ва танҳо Ӯро шукргузор бошем. Ӯст танҳо Худое, ки киройи ситоиш ва арзандаи саҷдаву шукр аст.

……….

  1. Оид ба масоили раҳмону раҳим, яъне, беандоза меҳрубону ва ниҳоят бораҳм будани Худованди карим ва амри ӯ дар Рӯзи қиёмат дар бораи он ашхосе, ки дар дил ба андозаи хардале имон дошта бошанд.

Гандуме рӯяд зи гандум, ҷав зи ҷав,
Дар пайи маънои томақлона рав.
Гар ба қадри кӯчаке бад кардайӣ,
Бӯйи Ҷаннат аз димоғат рондайӣ.
Бинӣ он мисқоли ҳабро пеши худ,
Дар пасаш он оташеву бӯйи дуд.
Дур гардад Ҷаннате аз ин назар,
Бонг ояд, бонги даҳшат з-ин хатар.
Гар ба қадри кӯчаке нек кардайӣ,
Бӯйи Ҷаннат бар димоғат бурдайӣ.
В-он умеди лутфу икром аз баъид,
Пеши чашмат тез мегардад падид.
Шубҳае нест, Аҳмадо гуфто, ки васл
Кас гардад аҳли хешро мисли насл.
Аз бадон тавлид шавад бадкори бад,
Тез шавад ӯ дар мақом сардори рад.
Чунки унсе мегирад аз он фаъол,
На барад ӯ инфиол, на як малол.

пешина
аз 175
навбатӣ