ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
фӣ туғёниҳим йаъмаҳун”, яъне, дар гумроҳиашон саргашта мекунад. Ва ҷуз ин нест, ки чунин афрод “... ва мо йахдаъуна илло анфусаҳум...” бо ин кори худ танҳо ва танҳо худро фиреб медиҳанду бас.
Пас, дӯстам, Худованди бузургро ҳеҷ кас ва ҳеҷ вақт наметавонад ки “аҳмақ” карда бошад, балки чунин аҳмақкорон дар оқибат худ аҳмақ мегарданд.
Чунин афроди аҳмақкорро Худованди карим муҳлате додааст (ва амр кардааст, то ки муҳлат дода шаванд; “... фамаҳҳили-л-кофирина амҳилҳум рувайдан”) ва чун вақт омад, он арғамчин сахт кашида мешавад ва ин меҳмонони дунё ба доре кашида мешаванд.
……….
- Оид ба масоили қатли нафс, яъне куштани одам, чун ин ҳадис ҳам аз
Паёмбари акрам (с.а.в.) нақл шудаасту ҳам дар Ояти карима аз ҷониби
Худованди холиқ таъкиду маҳкуму манъ шудааст.
Баҳри Одам Ӯ зи аршаш бар замин,
Ҷабраилро пас фиристод, ай амин.
Ҳарчи мегуфт, зора мекард, пас илоҷ,
Лек замин даст мекашид аз ин хироҷ.
Эътироз мекард замин, к-аз қалби ман
Ӯ чаро созад валийи Аҳриман?!
Ин чӣ адл аст, аз худам рӯйида хун,
Мекунад ҳамзоти худро сарнагун?
Ин чӣ кор аст, аз мане рӯйида бор,
Мегазад ҳамҷинси худро мисли мор?
Ин чӣ ҳол аст, ман варо ризқ офарам,
Лек ӯ бошад биринад дар сарам?
Мезад ӯ аз фарқи сар то буҷли по,
Шукр нагӯяд ӯ Худову на маро!
Зуд бошу рав, ту бар ҳолам гузор,
Ҳин, мазан нодида бар поям ту хор!
Хок мапош бар чашми ман бо хоки худ,
Чорае дигар биҷӯ бар он ануд!
Мар агар медонист модар, то зи ӯ
Кас бурун ояд, ки бошад зиштхӯ,
Буғӣ карда, мекушт ӯро он замон,
То нигаҳ дорад муҳитро дар амон.
То ки худ бошад амин аз дасти вай,
То магардад туршу сирка ҷоми май.
То малол н-ояд ба ҳолаш з-он аду,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё