ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
- Оид ба масоили бештар тавзеҳ додани “акбару-л-кабоир”, яъне, гуноҳони кабира (бузург) ва ин навбат, оид ба “қавли зур”.
Ҳамрадифи ширк бошад қавли зур,
Пас, ҷазояш бас муҳин аст, ай манур.
Ҳарфи ноҳақ гаштааст мамнуъу тард,
Аз ҳамим ҷонро нигаҳ дор, ҳам зи дард.
Аҳли барду дӯст бош бо аҳли ҷон,
То намояд ҳифзи сар аз ин забон.
“Зур” магӯ, ки ин ҷаҳон бо аҳли зур,
Пур намудаст дашту саҳрову қубур.
Вонигар, ки чун бикардаст бо шарик,
Ин ҷаҳон дар охири умр, ай рафиқ?!
“Кайду кин” дорад ҷаҳон бар аҳли шар,
“Йаъмаҳун туғёниҳим”, ай булбашар.
“Йахдаъуна нафсиҳим” онон, ки занн,
Кардаанд аҳмақ Худоро дар ватан.
“Макаруллоҳа..., акиду...” гуфтааст,
Аҳмақонро дар гумоншон бастааст.
Муҳлате ояд, кашад ресмонро,
Дасту по бандад чунин “меҳмонро”.
...
(дар идомаи ҳадисҳо оид ба “акбару-л-кабоир” (гуноҳони кабира, бузург))
Ҳам Абӣ Бакрата ва ҳам Анас (р.а-мо) ривоят мекунанд, ки Паёмбари акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.) оид ба “акбар-ул-кабоир”, яъне, гуноҳони кабира (бузургтарин гуноҳон) боз чунин фармудааст: “... ало, ва қавлу-з-зури...” (Аби Бакрата) ва “... ва шаҳодата-з-зури...” (Анас), яъне, ҳарду ривоят намудаанд, ки Паёмбар акрам (с.а.в.) чунин фармуд, ки гуфтани сухани ноҳақ ва дурӯғ, ва шаҳодату тасдиқ намудани чунин суханҳо аз қатори гуноҳони кабира маҳсуб мешудааст.
Чунин ки бошад, пас, “... ва лаҳум азобун муҳин” (Қуръон) аст, яъне, “аҳли зур”- ро азоби дарднок мунтазир будааст ва аз чунин суханҳои ноҳақ, ки мамнуъу (манъшуда) тард (радшуда) аст, пас, бояд ки парҳез намуду дур истод ва ҷонро аз дарди пасина эмин нигаҳ дошт.
Ҷойи ин кор, беҳтар мешуд, ки аз “аҳли бард” бошем, дӯстам, ки аҳли зурро дар Ҷаҳаннам, танҳо бо оби ҳамим (сахтҷӯшон) ва ғассоқ (ифлосу рим), чун дар Ояти карима дар Сураи “Набо” омадааст, менӯшонанд ва бардии (салқинӣ) ҷон дар он ҷо нест ва намешавад.
Дар Қуръони карим, дар Оятҳои каримаи Сураи “Бақара” чунин омадааст, ки афроди зоннӣ (гумонбаранда) ҳамеша дар фикри онанд, ки гӯиё “...
йуходиъуна-л-лоҳа ва-л-лазина оману...”, яъне, Худованду ашхоси муъминро фиребу найранг кардаанд, вале чунин нест, магарам Худованд онҳоро фиребу (“макару-л-лоҳа”) истеҳзову макру фан менамояд ва “...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё