Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Паёмбари арҷманди мо, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “... изо даъавтуму-л-лоҳа фаъзиму фи-д-дуъо”.

Яъне, ҳар гоҳ яке аз шумо дуъо кард, бояд дархости худро қатъӣ намояд, яъне, масъалат кунад. Ва ин он гуна нест, ки дархост ба баровардани эҳтиёҷот дар вақти дуъо намудан, яъне аз Худо пурсидан, олудаи шакку шубҳа ва ё муғризи эҳтимолот бошад. Ин гуна пурсишҳо, мисол, “Худоё, агар тавонӣ...”, “... хуб мешуд агар...” ва ҳоказо аз гунаи қатъият нестанд, балки шартианд.

Касе, ки чизеро аз Худо мепурсад бояд азм, яъне, хоҳиши қатъӣ, майли пурра ва фаҳмиши том оид ба чизҳои мепурсидааш, дошта бошад, вагарна ин як намуд пурсишҳо аз пурсишҳои пучанд, ба мисли он, ки чормағзро мепурсаду ба мағзи он коре надорад, гарчанд ки мақсадаш хӯрдани ана ҳамон мағз асту бас.

……….

  1. Оид ба масоили вақти шуруъи дуо, ки аслан бояд одати доимӣ барои фарди мусалмони худотарсу худоҷӯ гашта бошад.

Ҳар чи вақт дорад, нигар, мислаш салот,
Гарчи фарзист, он зи ҳабдаҳ руккаъот.
Ончи фарз шуд панҷ вақт дар тӯли рӯз,
Ҳар замон дар соаташ, пас, чашм дӯз.
Чун мабодо таъхире афтад дар он,
Кам савоб бошад дар ин шарт андар он.
Лек чу зикр аст ҳар салот, аз ғайри фарз,
Зикрҳоро ҳеҷ мабошад вақту марз.
Рав, бихон Оят аз Қуръон, ай карим,
То шавад фаҳмат дар ин кор мустақим.
Аз қуъуду қому ғайраш хон ҳарф,
Бознигар на бар тану, - бар ҷони зарф.
Ҳар даме гар хоб наӣ, ай Ҳақпараст,
Ҳақ биҷӯ “Ё, Ҳақ...” бигӯ в-он Ҳақ параст!
Зикр бошад аз сифоти ухравист,
Он ки дорад з-ин сифот, ӯ – ҷаннатист.
Чун гушод даргоҳи Ҳақ аст рӯзу шаб,
Беҳтар он бошад ки ояд ҳарф ба лаб.
Фурсатеро хайр шумар, пурс з-он Худо,
Ҳар чиро, ки хоста бошӣ, ай фато.
Бас ғанимат дон чу инъом аст он,
Дар савобаш пурс аз он бас рафтагон.
Гар равад вақт, бозгашташ нест, бибин,
Фурсате аз даст додаст ин ҳазин.
Мо сухан тақсим кунем дар бахши зайл,
Чунки бар мақсад диле дорем майл.
З-ин ҳадис, пас, бишнаву ибрат кун, Маъниро барчида, пас, даъват кун.

пешина
аз 175
навбатӣ