ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Мо, албатта, инро на дар қасди таҳқир намудани мусаллинем, чун ин кори мо несту Худованд беҳтару бештар медонад ва мо низ бегуноҳ нестем, балки дар он ақидаем, ки аввал “мусалмонӣ бо шикамсерист” (аз гуфтор ва низ дар қиёс) ва сониян: шитоб аз нишонаи риёву ноҳурматист нисбати вазни аркони Ислом, ки беҳтарин, боадолаттарин, осонтарин ва кушодтарин дин маҳсуб гаштааст.
……….
- Оид ба масоили ъазм дар вақти дуо намудан.
Азм, чун бо ъайн ояду “изғӣ” чу “зо”,
“Устухон” бошад маъниш, мутлақо.
Дар дигар ҳолат гар “изғӣ” на чу “зо”-ст,
Инчунинро “устухон” доштан хатост.
“Қасду”-у, “майл”-у “хоҳиши қатъӣ” ваяст,
Он дигар бошад ва ин низ дигар аст.
Қасд бояд кард ва ё қатъияте,
Гар бувад дар дил майли даъвате.
Гар мабод дар сина майли қатъият,
З-ин дуо холис бимонад он ният.
Гарчи ният холису майлаш мабод,
Эҳтимоли мустаҷобаш кай бод?
Хоҳиш аз ту, истиҷоб аз они Ӯст,
Фаҳми хоҳиш, чун зи ту, бар ту накӯст.
То мадонӣ хоҳишатро хуб, магӯ,
Дасти ёрӣ з-он Худоят ҳеҷ маҷӯ.
Мар туро бояд фаҳм аз он дуо,
Гар бибардоштӣ кафон сӯи Худо.
Варна пуч аст мундариҷи хоҳишат,
Мадҳи беҳуда бигардат нолишат.
В-он агар хоҳиш кунӣ, бош устувор,
Он бигӯ, гарчи баранд дар зери дор.
З-он дуоят даст макаш аз тарсу бим,
Чун бувад Эзид, ки гӯяд: Мо раҳим!
Ифтитоҳ бо номи Ӯ кун ҳар даме,
Чун шавад Ӯ хостаатро ҳамдаме.
Гар битарсӣ ту зи шер, саҳро марав,
Кор наояд доси кунд андар дарав.
Ъазмро дӯст дорад он зоти кабир,
Гарчи бошад хоҳишат дар дил фақир.
...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё