ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Маҳз дар вақти шитоб инсон метавонад ба ғалатҳо даст занад, чунки шитоб ақлро маҷбур мекунад, ки зудтар амалеро ба анҷом расонад. Ва ин вақт, хоҳу нохоҳ, қасдану бе қасд, албатта, инсон ба хатогиҳо роҳ медиҳад.
Гарчанд намоз, чун аз он ҳадис иқтибос шуд, дар вақти худ воҷиб аст, вале дар ин ҳол ҳам, Шариъати исломии мо хело бахшишҳои зиёдеро ба намозхонон пешкаш мекунад, ки мисол, вақти ҳар намоз то фаро расидани вақти фарзи намози баъдина, қазо намешавад ва ё аз ин ҳам беҳтар, ягон намози рӯз то фаро расидани фарзи намози рӯзи нав қазо намегардад ва ҳамон тавре ки мехонданд, он фарзҳоро бояд бихонанд.
Дигараш он ки, чун аз аҳодиси дигар гирифта, инсон ҳатто метавонад намозро ҳар он гоҳе, ки овора буд ва аз хотираш бароварда, пас, якуякбора ба хотираш омад, бояд он ки ҳамон вақт иҷро кунад, ки аз фароҳамии фурсати авқоти намоз маҳсуб мешавад.
Чаро, пас, шитоб намудан, чун мисол аз ин ҳадис барчида, дар намоз манъ шудааст?
Бале, боз ҳам чанд мисоле, ки на танҳо аз иҷроиш ва қавоиди шаръии барпо намудани намоз, ки аслан амал аст барои дарёфти хушнудии Худованди бузург ва мақсади ниҳойии гузоштани намоз аст, балки, дар мадди аввал, дар хотири поси эҳтироми ҳолати инсон гуфта шудааст, ки маркази ин фароҳамист.
Бибин, дӯстам, ки ҳатто дар Ояти карима, дар Сураи “Шарҳ”, Худованд чӣ мефармояд: “... фаизо фарағта, фансаб. Ва ило раббика фарғаб”, яъне, ҳангоме ки бар фароғат расидӣ, пас, нисоб бикун (ҳаракат) ва ба сӯи Парвардигори худ майл бикун. Ва бибин, ки сухан дар радифи калимаи “фароғат” муъҷаз шудааст. Яъне, ҳар гоҳе, ки вақти муносиб ва ҳолати муносиб ва қудрати муносиб дошта бошӣ ва ҳар кореро, мисол ҳатто намозро дар фароғат ба анҷом расонида бошӣ.
Мо бояд, дӯстам, як чизро хуб дарк карда бошем: ҳамаи ин қоидаҳои шариъатӣ, ҳамаи ин амрҳои худовандӣ, ҳамаи ин гуфтаҳои Паёмбарамон (с.а.в.) танҳо ва танҳо барои хотири беҳбудии иснон навиштаву гуфта шудаанд. Ин гуфтори мардум: “... ҳамсоя агар хуб бошад, мо низ хуб” мувозини “... разийа-л-лоҳу ъанҳум ва разу ъанҳу” (Ояти қуръонӣ: “... ва хушнуд бошад Худо аз онҳо ва хушнуд бошанд онҳо аз Худо”) будааст.
Ягон амре, ягон фармоне, ягон дастуре аз ҷониби Худованд дар Қуръони азимушшаън баҳри нороҳатии инсон ва ё барои азият додани инсон, наомадааст. Баръакс, он ҳама дастурот танҳову танҳо барои беҳтар намудани ҳоли инсон нозил шудаанд.
Ва чизи охирон, ки банда дар асоси он маснавии боло навиштааш мехоҳам
гуфта бошам ин аст, ки чун аз он ҳодисае, ки дар вақти моҳи шарифи Рамазон,
вақти ифтор ба вуқуъ пайваст, ашхоси даъватшуда бо шиками носери худ болои саҷҷода аксари вақт на дар ёди Худоянд, балки дар фикри зудтар тамом кардани намози шом ва зудтар сер намудани шикам мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё