ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Ин ки меҳмон хона меояд яқин,
Бошад ӯ меҳмони Воҳид, ай амин.
Ҳаққи соил мешавад воҷиб бар ӯ,
Рӯ матобу турш макун аз диди ӯ.
Он, ки меҳмонро киром дорад, бидон,
Рӯзи растохез бошад дар амон.
...
Абуҳурайра (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.) чунин фармуд: “Ман кона йуъмину биллоҳи ва-л-йавми-л-охири фа-лйукрим зайфаҳу...”, яъне, “Он шахсе, ки ба Худованди карим ва ба Рӯзи Охир имон (бовар) дорад, пас, вай бояд меҳмонашро гиромӣ бидорад...”, яъне, ба меҳмони ба хонааш ташриф оварда, бо иззату икром муносибат намояд, қадрашро ба ҷо оварад, эҳтиром кунад ва ҳоказо.
Аз ин ҷост, дӯстам, ки ҳатто дар урфият ҳам гуфтаанд, ки “Меҳмон фиристодаи Худост!” ва он шахс ҳам, чун дар Ояти карима омадааст “Ва аммо-с-соила фало танҳар”, яъне, “Ва аммо соилро ба сахтӣ марон”, ҳаққи “соилро” пайдо мекунад.
Соил, албатта, пурсанда аст; шахсест, ки дар ба дар гашта, аз ину он нон ва ё чораи дигаре мепурсад то бизоъате пайдо кунад ва нони хӯрданӣ. Ва чун, албатта, соилӣ ин танҳо он кор нест, балки шахсе, ки дар пайи пайдо кардани илм дар ба дари устодон мегардаду ҳамеша пури суол асту мехоҳад ҷавоберо пайдо кунад, он ҳам ҳаст.
Ва меҳмон ҳам дар ин хусус ҳаққи соилиро пайдо мекунад, чунки вай “пурсандаи меҳмонист” ва ҳамчу меҳмон ба хонаат барои зиёратат омадааст ва ё барои кори дигар ва агар соили нон, пурсандаи нон бошад, пас, меҳмон зеби хони туст, яъне, зеби дастархони туст.
Аз ин лиҳоз, дӯстам, дарро бар рӯйи меҳмон бозпӯшидан хатост.
Баръакс, меҳмони омадаро ба хонаат таклиф бикун, як пиёла чой ба вай пешкаш бикун ва мақсадро бифаҳм. Ва агар кумакат лозим бошад ва тавонӣ, кумак бикун.
Вагарна сухани нек беҳтарин асбоб аст. Иззату икроми меҳмони омадаро ҳамеша дар ҷояш бимон ва бидон, ки агар меҳмонатро иззату икром макунӣ, пас, ту аз он ашхосе ҳастӣ, ки на ба Худову на ба Рӯзи Охир бовар доштаӣ, ки ин кор оқибати нек надорад.
……….
- Оид ба масоили гиромӣ доштани ҳамсоя ва ҳаққи ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё