Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Пас, забону даст боздор аз бадӣ,
“Афзалу-л-Ислом...” аст он з-аҳмадӣ!
...

Аби Мӯсо (р.а.) ривоят мекунад, ки рӯзе, мардуми ҷамъгашта аз Паёмбари
акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.) пурсиданд: “Ё Расулаллоҳ! Аййу-л-Исломи
афзалу?”, яъне, “Ай Расули Худо! Кадом як аз ахлоқу вижагиҳои Ислом
беҳтару бартар аст?”

Паёмбари акрам чунин фармуд: “Ман салима-л-муслимуна мин лисониҳӣ ва
йадиҳӣ”, яъне, “Касе, ки мусалмонон аз забону дасти ӯ дар амон бошанд”

Яъне, дӯстам, дасту забони худро хеле эҳтиёт бикун, то ки онҳо боиси зарару малол ва дилгирии дигарон магарданд.

Пеш аз гуфтан басо фикр бикун, таҳлил бикун, ки ҳар сухан ҳафт паҳлӯ дорад ва он шахс туро чӣ гуна мефаҳмида бошад, охири кор чӣ мешуда бошад? Ба чашмонаш нигаҳ кун, бар авзоъаш аҳамият деҳ ва ба муҳит назар кун, ки оё ин суханат мақбул мегашта бошад ё не... Ва ин оид ба сухан аст. Оид ба гуфтор аст...

Мисли “даст ва кори вай бошад”, яъне, амал ва натиҷаи он, пас, пеш аз кардани кор ҳам ҳамчунин рафтор бикун. Охирбин бош ва кореро ба анҷом бирасон, ки ба дигарон зарар нарасад, балки мояи хушнудии дигарон шавад.

Ва бидон, дӯстам, ки ончи дар дилат ирода ва ҳиммати дигарон намудаӣ, бо забону дастонат мувофиқат бикунад. Яъне, тарзе бикун, ки гуфтаи дилат, ки аз забонат ҷорист, бо кори даст ҳам ҷуфт ва мувофиқ бошад.

Варна, бидон, ки Худованди мутаъол чӣ фармудааст? – “... кабура мақтан ъинда-л-лоҳи...” (Сураи “Ҳашр”), яъне, агар чизеро гӯиву онро макунӣ, ё хилофи он бикунӣ, пас, ин ҳол дар назди Худованд басо нописанд ояд.

……….

  1. Оид ба масоили гиромӣ доштани меҳмон ва ҳаққи ӯ.

Ҳар касе, ки бар дар ояд, ай рақиб,
Муҷиб аст бар маҳфили ту, ай муҳиб.
Ҳар кӣ омад, нозил аз ҷанби Худост,
Бо чунин меҳмон ҷанге норавост.
Мисли Қуръон аст, ки рад кард амми ӯ,
Такфиру райбаш намуд он занниҷӯ.
Лек ҳамин аст тақдири амри Худо,
Он чӣ омад, баҳри васл аст, на ҷудо.
Ӯ фиристода(й) Худо аст, рост гир, Ҳамчу сайд ӯро мадон, ай ростгир.

пешина
аз 175
навбатӣ