Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз ҳазору яксаду панҷоҳ чӣ монд,
Гарчи охир меравӣ аз шаҳр чу хонд?
Буд умрат хушу рӯзгорат таъйин?
Бар мане гӯ сирри ин рӯзгор чу тин!
Наҷҷийуллоҳ кард нигоҳу в-ин гуфт:
Зиндагӣ неъмат буду аммо, на муфт.
Боди рӯзгор ҳамчу мавҷ бар соҳилон,
Ҳар сафина бурду мекушт киштбон.
Зери тӯфон ғарқ мекард тоғиро,
Ҳарчи нодору гаҳе асбоғиро.
Ҳар кӣ омад, рафт сӯи осумон,
Ҳарчи монад, бин, насиби дигарон.
Луч омад, луч рафт ӯ сӯи хок,
Аз чунин як зиндагӣ чист, пас, бок?!
Низ чунин дидам мане ин рӯзгор,
Мисли аввал бе чизу охир чу ғор.
Ҳеҷ наёвардам ба ҷуз як фитрате,
Ҳеҷ набуд дар пеши пойи ғоратӣ.
Мисли ин дидам, ки роҳе буду бас
Бурда ҷонам охирон, на беш хас.
Зиндагӣ мисли сафар дидам, на беш,
Худ мусофир дидаму н-аз он беш.
Раҳгузар будам, гузаштам роҳи худ,
З-ин ҳама умрам гузашту беш нашуд.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
кун фӣ ад-дунё кааннака ғарибун ав ъобиру сабилин”, яъне, дӯстам, “... дар дунё монанди мусофир ё раҳгузар, зиндагӣ кун”.

Бале, дӯстам, зиндагӣ ҳамин аст, ки имрӯз омадему пагоҳи дигар, бояд ки равем.

Ин як раҳгузар аст, як ақабаест, чун дар Ояте омада “... фалақтаҳама-л-ақаба”, гузаргоҳест, ки пур аз фитнаву озмоиш, ки на ҳама метавонад онро гузашта бошад: киҳо гузаштаву шикаста, киҳо дармондаву баста ва ҳоказо.

Касе, боре, аз Нӯҳ (а.с.), ки аз ҳама умри тӯлонитарин байни мардум дида буд,
пурсид, ки ин ҳама аз ҳазор сол беш ҳаётро чӣ гуна дидӣ? – Гуфт: ба мисли хонае,
ки аз ин сӯ даромада, аз он сӯяш баромада.

Яъне, мисли ана ҳамон раҳгузаре, ки сарфи назар аз дароз ва ё кӯтаҳ будани он, онро тай намудаву бояд ки гузашта бошӣ.

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.

……….

пешина
аз 131
навбатӣ