ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

- Оид ба масоили буғзу ҳасаду “пуштгардонӣ”.
Модари ҳама гуноҳон, бе хато,
Ҷаҳл бувад андар назарҳо, ай фато.
Гар назар бошад тиҳӣ аз илму фан,
Мурда гардад зиндаву в-он мурдатан.
Баҳс гардад ҷадлу ҷанг, на адлу рост,
Хулласе каҷ ояду в-он ҳамчу кост.
Беш шавад кам дар ниҳоят, на ки беш,
Оқиб ояд ҳосиле норафта пеш.
Девор ояд каҷҷу меҳробаш хато,
Хонда ояд фаҷҷу каъбаш бе Худо.
Қисса кӯтаҳ мекунам ин ҷову пас,
Ақл пешкаш мекунам ин ҷову бас.
Ҳар кӣ ақл кард гуфтаҳоро, кард бурд,
Лек, накард ақл гуфтаҳоро, пас, бимурд.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ло табоғазу ва ло таҳосаду ва ло тадобару”, яъне, дӯстам, “... бо якдигар душманӣ накунед, ҳасодат наварзед ва ба якдигар пушт нанамоед”.
Албатта, дӯстам, насиҳати Паёмбари акрам (с.а.в.), ки ин ҷо иқтибос намудем, шарт ба тавзеҳу ташреҳ надорад, ки он саҳеҳу равшану комилу осонбаён аст, вале, мехостем на ба ин натоиҷ, балки ба омили асосии ин рафтори нокомилу зишт, таваҷҷуҳатро наздиктар намоем ва он ҳам бошад, ҷаҳлу ҷаҳолат аст.
Маҳз ҷаҳлу ҷаҳолат, ки зулмот (торикӣ) аст, инсонро водор мекунад, ки даст бар чунин зиштҳо занад, беақливу бефаросатиро пеша намояд, ки охири ин кор вой асту бас.
Аз буғзу ҳасуду тавалло кори дуруст бар наояд, ки ин ҳамоҳангии аъмол, дар Китоби осмонӣ ва шариъатӣ, ва тарбиявӣ саросар маҳкум шуда, оид ба натиҷаҳои нохуши он, садҳову садҳо китобҳо қиссаҳо гуфтаанд.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
……….
- Оид ба масоили фурӯхтани меваҳои пухта ва кори пухта.
Рӯзе аз бозори марказ як набӣ,
Ким-куҷо мерафт савор дар маркабе.
Дид, ки шахс дар рӯи хок якчанд адад,
Мефурӯхт аз меваҳои сахту лат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё