Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ту зи додан бас бияндеш пеш аз он,
Ки чизе бурдӣ фурӯ андар даҳон.
Дон ки хӯрдан нест мушкил, ай рафиқ,
Ҳазми он мушкилу истихроҷ – зиқ.
Зиндагӣ лаҳву лаъиб несту суол,
Мекунад дар рӯзи сахт аз мо Ҷалол.
Аз гирифта ё зи инкори наъим,
Мешавӣ масъул дар назди Раҳим.
Дар амал низ ояд ин ваъда ба кор,
Масъулем дар кардаву нокарда кор.
Масъулем дар пеши худу нохудон,
Назди Ҳаққу назди кулли мардумон.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
куллукум роъин ва куллукум масъулун ъан раъиййатиҳӣ”, яъне, дӯстам, “...
ҳар кадоме аз шумо масъул аст ва аз ҳар яки шумо дар бораи масъулияташ суол хоҳад шуд”.

Бале, дӯстам, дар он рӯзи сахт, ки подош мувофиқи аъмоли содиршуда ҳар якеро мунтазир аст, чун баргирифта аз маъонии Қуръони карим, “... ло тусъалу”, яъне, пурсида нахоҳад шуд касе аз амали содир кардаи касе, вале пурсида хоҳад шуд, ки оё шумо масъулияти хешро оид ба биму огаҳ намудани касе ва бо ин сабаб, ҷаҳди боздоштани касе аз кардани амали зишт боре карда будед?

З-ин сабаб бояд донист, ки чун Паёмбари акрамро (с.а.в.) низ ду вазифа рисолат шуда буд, яъне “... баширан ва назиран” (аз Қуръон), яъне, башорат додан ба комёбиҳо дар ин дунёву охират ва огаҳ намудан аз охири кори бад дар охират, пас, ҳар яки мо аввал дар назди худ оид ба кори худ, дар назди Худованд оид ба кори худ ва дар назди виҷдону Ҳақ оид ба кори он ашхосе, ки аз раъияти мо маҳсуб буданд, масъул ҳастем.

Ва ин масъулияти охирин, дар “гуфтану гуфтану гуфтан...” аст, вале агар касе ин гуфтаҳои моро ба инобат нагирифту кори худро идома дод, пас, чӣ илоҷ ки подоши кораш азобу уқубат аст... Ба ҳар ҳол, мо масъулияти хешро дар наздашон ва дар назди Худованди карим иҷро намудем.

Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.

……….

  1. Оид ба монандии ҳаёт ба як раҳгузаре.

Боре кас аз Нӯҳи наҷҷӣ кард суол:
Чун дидӣ ин умри тулонӣ завол?

пешина
аз 131
навбатӣ