ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

“Алла”-и зан тифле гар нодид рӯ,
Гуфтаанд, бошад дурӯғ аз по ба мӯ.
Чунки вай боре набардошт нӯҳ моҳ,
Дарду шабҳои дароз донад куҷо?!
Ту кунун аз “... ло туҳаммилно” чӣ, пас,
Барчинӣ маъниву кардӣ з-он дарс?!
Гар муяссар шуд бар ӯ ҳамли валад,
Пас, кунад осон ҳамлаш он Аҳад.
Рав, бихон аз “... ъусри юсран”, ай фато,
То шавад ин маънӣ росту бе хато.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
куллун муяссарун лимо хулиқа лаҳу”, яъне, дӯстам, “... ҳар кас кореро анҷом медиҳад, ки барояш муяссар аст”.
Яъне, дӯстам, мо аслан, чун аз калимоти беадад ва собиқ каму беш таваҷҷуҳамон гаштааст, пас, мисол, калимаи “муяссар”-ро дуруст дарк намекунем ва фикр дорем, ки ин корест, ё ҳолест, ё чизест, ки бароямон дастрасу арзонӣ шудааст ва ё ба муяссаршуда, ҳамчу имконот назар дорем, ҳол он ки, ин калимаи зебои арабӣ, тарҷимаи “осоншуда”-ро дораду бас.
Яъне, вақте ки ман чизеро “муяссар шуд”, гӯям, пас, “ин кор бароям осон карда шуд”-ро бояд дар назар дошта бошам ва он коре, ки ба дӯшам ниҳоданд, “аз ҷониби Худованд осон карда шуд”-ро бояд ки дар назар дошта бошам. Тамом.
Чун Паёмбари акрам (с.а.в.) фармуда, ки он ҳам асоси қуръониро дорад, ҳар кор аввал душвор омада, ҳатман, осон карда шавад (“... ъусри юсран”, Қуръон). Пас, “... ло йукаллифу-л-лоҳа нафсан илло вусъаҳо” (аз Қуръон), яъне, Худованд касеро зиёда аз он ки бардошта тавонад, намедиҳад (ва надодааст ва нахоҳад дод).
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
……….
- Оид ба масоили масъулияти шахс.
Чун биёфард Холиқе махлуқи худ, Дод ӯро неъмату асбоби ҷуд.
Кард ақлро пешбари корҳову бас, Гуфт ӯро “Масъулӣ з-ин дам ва пас!” Бин, Худо гӯяд чӣ пас дар Ояташ?
“... рӯз шавад, масъул шавӣ аз неъматаш” Дар “Такосур” Ояти охир бихон, Чун шавад оёну маънӣ беш аз он.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё