ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Мисол азияту миннат намудан, чун Худованд дар Қуръони азиму-ш-шаън фармуда, садақаи (некии) инсонро ботил мекунад, яъне, дар софии саҳфаи аъмолаш доғҳои сиёҳ хоҳад пайдо шуд, ки ин ҳам аз нишонаи зулм бар худ намудан маҳсуб мегардад.
Баракси мантиқии гуфтаҳои Паёмбари акрам (с.а.в.) чунин аст, ки агар инсон чи қадаре, ки некӣ намояд, ҳамон қадар рӯшанӣ дар он рӯзи сахт пайдо хоҳад шуд, ки кори бандаро осон мекунад.
……….
- Оид ба масоили дидаву дониста гуноҳ содир кардан.
Асъадака-л-лоҳа фи-д-дорайн, бидон,
Ки бувад ду шарт дар корҳоямон.
Махфиву равшан чу корҳо мекунем,
Оқибат аҷру ҷазошро мекашем.
Ин бувад маънии “... ман йаъма-л... йаро”,
Ки бифармуд бандагонашро Худо.
Он, ки содир кард гуноҳро бехабар,
Дорад ӯ имкони афв аз Зул-басар.
Шарти афваш тавбаву ислоҳ чу шуд,
Мушкилашро баҳри ӯ Эзид гушуд.
Лек, агар дониста мекард вай гуноҳ,
Дар умеди афв шудан – иштибоҳ!
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
куллу умматӣ муъофан илло ал-муҷоҳирин”, яъне, дӯстам, ҳама афроди уммати Расули акрам (с.а.в.) бахшида хоҳанд шуд, магар муҷоҳирон.
Пас, кистанд “муҷоҳирон”?
– Он касоне, ки дидаву дониста даст ба гуноҳ заданд, яъне, медонистанд, ки он гуноҳ аст, вале аланӣ (кушоду равшан), нотарсона, ғайри парҳез, бе шарму ҳаё гуноҳ содир карданд.
Ин тоифа мардум, яъне, муҷоҳирон, алорағми уммати Расули акрам (с.а.в.) маҳсуб буданашон, бахшида нахоҳанд шуд.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
……….
- Оид ба масоили мискинон, мақому дараҷоти эшон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё