ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Мекунанд нақл, дар шаби меъроҷ Ҳабиб,
Гашт шоҳид дар сари кори аҷиб.
Аксари онҳо, ки дар Ҷаннат шуданд,
Мискинон в-аз аҳли бас меҳнат буданд.
Ранҷу заҳмат чун кашиданд дар замин,
Меҳнати эшон ҳаловат гашт, бибин.
“... йанқалиб ило” зи “... кона аҳлиҳӣ”
Нест зи маъниҳо фишурда ё тиҳӣ.
Рав, бихон Оят дубора, марратайн,
“... фарҷиъи-л-абсора”, ай дил, карратайн.
Лек набошад нақли мо бар аҳли чашм,
Чашми эшон чӣ бинад аз зери пашм?!
Тори мӯй дар чашми онҳо дар қамар,
Шақ мебинад, на мӯй, ай бул-басар.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст:
“қумту ъало боби-л-Ҷаннати факона ъаммата ман дахалаҳо алмасокину”, яъне, дӯстам, “... канори дарвозаи Биҳишт истодам, бештарин касоне, ки вориди Биҳишт мешуданд, масокин буданд”, яъне, ҷамъи мискин (бечора).
Оё дар фикри мо танҳо он аст, ки мискин бечораест, ки молу амвол надорад ва ё ақоиди дигар низ оид ба ин мафҳум мавҷуд аст?
Бале, дӯстам, мавҷуд аст!
Ва бин, ки бечора на сирф онҳоянд, ки аз ҷиҳату таносуб ва матоъи ин дунё маҳрум мондагонанд, балки онҳоянд, ки ба иззати хоксории худ, аз беши амвол худсарона даст кашидаанд ва бар даҳони нафси аммораашон муҳри нафскушро задаанд ва ҷуз Худованд ба касе истиъонату таваккал намекунанд ва ҳамеша дар эҳтиёҷи халал бар оқибати неки худ аз Худованди азза ва ҷал таваҷҷуҳ мекунанд ва ҳоказо.
Парҳезкоранд? – Бале, чун аз парҳез намудан ба мақоми мискин расидаанд ва ҳоказо.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
……….
- Оид ба масоили вазни ҳар кори нек.
Санг барӣ аз роҳ роҳат, боз дон,
Суфтаву рост мекунанду бе хазон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё