ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Кам хӯрдан, дар радифи кам гуфтану кам хусбидан, – ин ҳама аз гарави саломатисту аз нишонаи мукаммалияти ҳам инсофу ҳам имони инсон аст.
Ана барои ҳамин ҳам, дӯстам, Паёмбари акрам (с.а.в.) чунин фармуда, ки ғазои ду нафар, аслан, кофист барои се нафар ва ин ҳама барои фоидаи мо фармуда шудааст.
Худованд, албатта, беҳтар ва бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили сабабу авомили торикӣ дар рӯзи Қиёмат.
Рӯзи сахт асту Қиёмат дар қиём,
Мардумон ангехта гарданд аз қиём.
Ҷаста бошанд ҳамчу мӯрон аз замин,
Гашта бошанд ҳамчу ғозон он ҳазин.
Мегурезанд дида хешу ақрабо,
Чун шуморанд сирф худиро бенаво.
Чашмашон аз даҳшати рӯз кӯр шавад,
Дил зи ваҳм бо ларзаҳо, бин, ҷӯр шавад.
Қисса кӯтаҳ, рӯзи сахт аст рӯзи Дин,
Рав, бихон Оёту он санҷида бин.
Он, ки зулм мекард, шавад рӯзаш сиёҳ,
Зулм кунад зам торикиро, ай киё.
Он, ки некиро бикард пеша, бибин,
Рӯзи вай рӯшантар аст дар рӯзи Дин.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
аз-зулму зулумотун йавма-л-Қиёмати”, яъне, дӯстам, зулм, боиси торикиҳо дар рӯзи Қиёмат мегардад.
Яъне, то чи андоза инсон зулму ситамкорӣ намояд, ҳамон қадар охираташ ториктару номаи аъмолаш сияҳтару оқибати кораш нокомтар мегардад, ки ин ҳама садди дарёфти роҳ ба Ҷаннат хоҳад гашт.
Ин як шабоҳатест бо “порчаи лакмуси” ва ё табченкунак (термометр), ки то чи андоза ҳарорати бадан бардошта шавад, ҳамон қадар симоб дар сутунча боло хоҳад рафт ва ё аз таркиботи ишқориву сиркоӣ вобаста, порча ранг хоҳад гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё