ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

- Оид ба масоили тақсими таъом бо дигарон.
Рӯзе дар ошхона дидам кас таъом
Мефармуд з-амри нафси нотамом.
Хӯрише фармуду нону чойи сабз,
То маёяд бар рагон хӯриш чу набз.
Пас аз он фармуд шӯрбову фатир,
То шавад ош дар бадан чарбуву шир.
З-он пасе ӯ ним табақ фармуд палав,
То барад аз он таъом ӯ низ ҳалав.
Дар ахир фармуда ӯ аз қанду гуфт:
“Ҳар чизе ояд ҳалол дар шаъни ҷуфт!”
Лек, дар аввал хӯрда хӯриш шуд сер,
Чой зиёд нӯшид чунон ки шуд зер.
Чун биёварданд-ш шӯрбо, ними он
Хӯрда онро пурра сер шуд он фулон.
Менағунҷид на фатиру ошу қанд,
Ончиро ки карда буд чашмаш писанд.
В-он ҳама дигар таъомаш шуд сарф,
Чунки обаш пурра гашт андар зарф.
Бас каме мекард ҷаҳду об замим,
Рехта мегашт аз лабаш фисқи ҳамим.
Лек, чу чашмаш сер набуд, бо як азоб
Хӯрд ҳамашро сарфи дарду изтироб.
Ҳамчунон хӯрд, ки шикам омад ба дард,
Хестанӣ мехосту мегашт зуд тард.
Он ҳама хӯриш, ки буд бар вай зиёд,
Аз даҳон берун мешуд ҳамчу бод.
Қисса кӯтаҳ, он ҳама ағзои ӯ
Буд зиёд бар ӯву гашт бар вай аду.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
таъому-л-иснайни кофӣ ас-салосати”, яъне, дӯстам, ғазои (таъоми) ду нафар барои се нафар кофӣ аст.
Бале, дӯстам, ҳатто ин гуна арза кунам, аслан таъоми комили як нафар барои ду нафар расандаву басанда аст ва ана дар ҳамин басандагиву расандагӣ ҷаҳди неки масраф (зиёдаравӣ) накардан зоҳир мегардад ва он, аз нишонаҳои зоид намудани меҳрабонӣ дар вақти тақсими таъом, чун аз нафақа шаҳодат медиҳад ва басе дигар савобҳо, ки дар он маҳфуз аст, нишона аст.
Кифоягӣ дар он, ки аслан, чашми инсон ҳорис асту дар интихоби таъоми зиёда
шаттост, яъне, бесару ҳисоб шитоб мекунад ва нафсро мефармояд, ки даркору
нодаркор, лозиму нолозимро интихоб намояду оқибат, он ҳамаро тановул ҳам карда наметавонад ва агар ҳатто онро адо намояд, пас, ҳазми инро ба дурустӣ карда ҳам наметавонад, ки аҷали узвҳои ҳозима ва ангезандаи тамоми мароизи бадан мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё