ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Эҳтимол дар ким-куҷое шунида бошӣ, ки мардуми ба мо бародар, - ӯзбекон, чунин як гуфтори аҷибе доранд, ки саропо дар асоси ҳамин ҳадис сохта шадааст: “Йӯл азоби – гӯр азоби!”, яъне, азоби роҳ ҳамоно баробар бо азоби гӯр будааст, ки дар мизони маънӣ ва қиёс бо ҳар як калимае аз он ҳадиси Паёмбари акрам (с.а.в.) дуруст мегирад.
Пас, “сафаре”, ки дар ин ҳадису он гуфтор, ки ҳамчу “роҳ” ташбеҳ шудааст, дар асл, чӣ аст?
Бале, дӯстам, ин ҳамон азобе, ки мусофир вақти тай намудани масофае аз як ҷо ба ҷои дигар, мекашад, ки саросар дарду ҳиҷрон асту осон нест ва касе, ки боре бори вазнини мусофириро бардоштааст, хуб мефаҳмад, ки мо чиро дар назар дорем.
Аз хона дуру аз ақрабову наздикон маҳҷур, бе хонаву бе дару дар зери осмони сахтгир ва офтоби гарми ҳушгир, миёни ақвоми мухталифаву ғайр-ул-лисон ва ғайри мазоҳибу одот ва ҳоказо...
Ва ин ҳама авомилест, ки чораи тадбири мусофирро маҳдуд месозад, ранҷ медиҳад ва ҳоказо ва азобе, ки чунин мусофир дар дӯш алъон дорад, аз азоби гӯр шояд ки камӣ надошта бошад? Валлоҳу аълам!
Се тоифа мардум, чун дар ҳадисҳои пешина, дар Қисми 1-ми “Орифнома”-и камина матраҳ шуда буд, дуогӯянд, ки Худованд дуоҳои онҳоро бе чуну чаро мустаҷоб хоҳад кард ва яке аз ин гурӯҳи маҳрум, маҳз мусофиронанд, ки аз дарду шиканҷаи мусофират ҳамеша ба даргоҳи Худованд нолиш мекунанд, матлаб изҳор мекунанд.
Худованд, албатта, беҳтар ва бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили рафтан дар роҳи рост ва додани башорот.
Пир дидам, қадди роҳ зам-замкунон, “... иҳдино” мехонд баъд аз истиъон.
Сабр кардам то бихонад аз “наъим”, Лек, наёмад ӯ фуруд аз “мустақим” Марра бо марра, такрор, ҳин тамом, Ин ҳамин Оят мехонд... Ва-с-салом!
Кунҷкобӣ чун маро бигрифт фаро, Пурсидам сирри ин аз он фато.
Гуфт маънӣ з-ин бувад, мо аз азал Шудаем гумроҳ дар ин шаҳри ҷаҳл.
Чун муқаррар гашт маскан дар замин, Роҳи рост ҷӯем зи Рабби-л-ъоламин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё