ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Возеҳтар ин аст, дӯстам, ки Худованд он касро, ки вақти хариди моле аз каси дигар ва ё фурӯши моли худ ба каси дигар, саҳлгирӣ мекунад, яъне, нархи фурӯшро арзон ва ё нархи харидро, - байъ мекунад ва ё на ба харидори молаш таасубона ва ё дағалона суҳбату тиҷорат мекунад ва ҳоказо.
Яъне, дар ин ҳолатҳо ҳам харидору ҳам фурӯшанда аз рӯйи меъёри одоб муомила намоянду тиҷорати худро ҳалол намоянд, вагарна дар маводи фурӯхта ва ё харидорӣ шуда нуқс меафтад ва он ботил хоҳад гашт.
Худованд, албатта, беҳтар ва бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили сафар ва мусофир.
Рӯзе аз рӯзҳо дар ишқи илм, ҷавон
Азм намуду роҳӣ шуд бо истиъон.
Аз падар бигрифт дуову роҳӣ шуд,
Дар раҳи баҳр ошиқу чун моҳӣ шуд.
Лек намедонист, ки баҳр дорад хазон,
Он ки бошанд ваҳшиву сӯзандаҳон.
Ҳар наҳанге ҳамчу роҳзан интизор
Буд дигарро мисли мушро, бин, чу мор.
Таркиби обҳо, нигар, низ мухталиф
Буд зи иқлим то ба иқлим чун хафиф.
Қаър аз қаър фарқ мекард ҷо ба ҷо,
В-он фишору самти об мегашт ҷудо.
Хӯрданӣ низ чун “... матоъ аббан лакум”
Фарқ мекард ҳамчу “... динӣ..., динукум”
Дар забону урфу дин бас ихтилоф
Баръало пайдо буданд чун кӯҳи Қоф.
Қисса кӯтаҳ, мисли моҳӣ он ҷавон
Рӯ ба рӯ мешуд азобро роҳравон.
То макони Дор-ул-илмаш ӯ расид,
Гашт мӯяш з-он азобҳо сап-сапед.
Лек нашуд ранҷаш каме чун таҳсилаш,
Дод давом чанд солу чанд моҳ дар паяш.
То замони хатм аз Дор-ул-фунун,
Гашт аз ранҷи сабил мисли ҷунун.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
ас-сафару қитъатун мина-л-ъазоби”, яъне, дӯстам, сафар бахше аз азоб будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё