ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ва ин тартиб низ дар омода сохтани таъом барои аҳли оила аст, ки агар ва мабодо зиёда бошад, пас, савоб аст, ки ҷои “як коса”, “як косаву як пиёлаи дигар” биринҷеро бипазад, ки шояд болои таъом, яке ягон меҳмоне даррасад ва ё дар вақти нашудани он, табақе ба бечораву ва ё ҳамсояе бирасонад.
Ва дар кардани ин кори наҷиб банда ҳеҷ гоҳ парешон машавад, ки ризқи Худованд азалист ва рӯзе ин ҳама “қарзҳо” баргардонида мешавад, вале ба ҳар ҳол, ин кор бояд бе ғараз ва танҳо барои хушнуд намудани Худованди карим карда шуда бошад.
Худованд, албатта, беҳтар ва бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили саҳлгирӣ дар вақти хариду фурӯши мол.
Чун ба дӯкон шуд қариб як гӯштхар,
Гуфт бибур аз рону камтар аз ҷигар.
Теғ бизад қассобу буррид кам ва беш,
Кам зи рону аз ҷигар беш чун ба хеш.
Лек наёмад хуш зи кораш, муштарӣ
Гуфт: Нагуфтам кам зи ину он барӣ!
Аз ҷигар кам гуфтаму аз рон зиёд,
Акси корро кардӣ ту аз ҳад зиёд.
Гашт хашмгин марди теғдор з-ин сухан,
Шуд рангаш сурху ҳавр омад зи тан.
Фахху фух мекарду ким-чи дар фиғон,
Мебаромад мисли кӯпук аз даҳон.
Муштарӣ чун камтаре буд кар зи зод,
Ношунида он сухан, омад ба дод.
Дод дашном дар ҷавоб бар он сухан,
Зад қассоб бе ҳисоб бо корд ба тан.
Муштарӣ афтоду мурд аз зарби он,
Гашт қассоб маҳкуму зиндонӣ з-он.
Чун шариъат “... ъайн ба ъайн” дорад яқин,
Сар заданд, дертар, зи қассоб аҳли дин.
Гар дар ин кор ҳарду рафтор аз адаб
Менамуданд, менабурданд ҷон ба лаб.
Ле, чу ҳарду даст кашиданд аз низом,
Ҷон ба Ҷаббор, пас, супурданд, ва-с-салом!
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
раҳима-л-лоҳу раҷулан самҳан изо боъа ва изо-штара”, яъне, дӯстам,
Худованд бар бандае раҳм кунад, ки ҳангоми хариду фурӯш саҳлгирӣ кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё