Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гар шавад пайдо насиб дар роҳи рост,
Бояд он ки рост равем, на каҷҷу кост.
З-ин бувад ман аз Худо ҷӯям паноҳ,
То магардад дар равишам иштибоҳ.
Эҳдино, ё Раб, сирота-л-мустақим,
Аллазӣ анъамта куллу мин наъим.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
саддиду ва қорибу ва абширу”, яъне, дӯстам, роҳи ростро бидуни ифроту тафрит дар пеш бигиред ва миёнаравӣ кунед ва башорат диҳед.

Пас, “роҳи рост” чиву “ифроту тафрит” чиву “миёнаравиву башорат” чист, дӯстам?

Бале, ба марроту каррот ва такрор ба такрор ва ҳар гоҳ мо, мусалмонон, онро рӯзмарра дар вақти намозу дар вақти тиловати Қуръону ва ё дар меҳмониву маросимҳо, ин ибораи олиро қироат мекунем, вале ё тарҷимаи онро намедонем ва ё донем ҳам, маънии онро дарк намекунем: “Алҳамдули-л-лоҳи рабби-лъоламин... иҳдина-с-сирота-л-мустақим” ва ана ҳамин аст он ибораи қуръонӣ: - “сирота-л-мустақим”, яъне “роҳи рост”, яъне, ҳамон роҳе, ки онро барои мо, Худованди карим тавассути Оятҳои қуръонияш нишон додааст: роҳи амонӣ, салимӣ, огаҳӣ, парҳезкорӣ, накӯкорӣ, солеҳӣ ва ҳоказову ҳоказо.

Ҳамоно, ин он роҳ аст, ки тавассути насиҳатҳои хеш, Паёмбари акрам (с.а.в.) ба мо ҳадисҳо фармудааст, яъне, ин он роҳ аст, ки аз рафтан дар он, инсон комилтар мегардад, ҷонаш такмил меёбад, танаш аз офатҳову бало раҳоӣ меёбад ва ҳоказову ҳоказо.

“Тафриту (кӯтоҳӣ кардан, бепарвоӣ намудан ва ҳоказо) ифрот (зиёдаравӣ кардан, аз ҳад гузаштан, худро фаромӯш намудан ва ҳоказо)” бошад, инсонро метавонад ё аз рафтан дар роҳи рост боздорад ва ё дар он роҳ инсонро бепарво намояд, ё дар он роҳ ӯро аз ҳадди адабу мантиқ гузаронад ва ё аз Худо бехабар бимононад ва ҳоказо.

Пас, инсон бояд роҳи ростро бидуни ифроту тафрит равад ва дар ин кор васатрав бошад, яъне, он қоидаи “миёнаи тилоиро” ва ё чун Шайх Саъдӣ фармуда: “мурувату мадороро” риоя намояд ва ҳамеша аз некӣ накӯкоронро башорат диҳад ва аз бадиву оқибати он, - онҳорову бадкоронро огаҳ кунад.

Худованд, албатта, беҳтар ва бештар медонад!

……….

  1. Оид ба масоили намозгузорӣ.
пешина
аз 131
навбатӣ