ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
тасаддақу фаиннаҳу йаътӣ ъалайкум замонун йамшӣ ар-раҷулу бисадақатиҳӣ фало йаҷида ман йақбалуҳо”, яъне, дӯстам, “... садақа диҳед,
зеро замоне фаро хоҳад расид, ки шахс, бо садақаи худ ба роҳ меафтад,
аммо, ҳеҷ касро пайдо намекунад, ки онро бипазирад”.
Бале, дӯстам ва ин низ дар идомаи он мантиқе, ки оид ба фароҳам будани имконият ва қадр намудани вақте, ки моро ато шудааст, будааст.
Ҳар кор, ва чун аз ҳадис баргирифта, ҳатто намоз низ дар вақти худ воҷиб аст, вагарна аз хондани қазоҳо, теъдоди савоб коставу оё имконияти дигаре хоҳад ба даст уфтод, ки онро иҷро карда тавонем?
Амали хайр дар ҳар нияту дар ҳар ҷост; ҳамагӣ хоҳиш бояд дошту дар пайи он шитоб бояд кард, вагарна бо як хоста комҳо ширин намегарданд. Хоҳишот ҳамеша бо аъмоли пасина бояд бипайвандад ва ин шарти иҷроишу пайдо намудани ҳар савоб асту натиҷаҳо.
Бибин, дӯстам, ки ҳатто дар садақа додан мусалмони комил бояд он ки шитоб карда бошад, вагарна вақт ки рафт, имконият низ аз даст меравад ва ё чун дар мавриди мантиқи “саривақт” будани ҳар кор, ки баъзе аз Оёти қуръонӣ омадааст, саҳв пайдо хоҳад шуд ва савоб камтар ҳосил хоҳад гашт.
Мисол, дар Ояте омада: “... ав итъомун фӣ йавмин зи-масғабатин”, яъне, таъом додани мискинон, яъне бечорагон, дар вақти “лозима” воҷиб гаштааст.
Яъне, ҳол он ки мискин эҳтиёҷ дар таъом дорад, ана дар ҳамон вақт бояд он ки таъом дода бошем, вагарна вақте ки ӯ аз гуруснагӣ бимурд ва ё ҳолаташ бад бишуд ва эҳтиёҷаш аз ҷониби дигаре бароварда шуд, таъом додани мо ягон ҳолро таъғир намедиҳад, балки он як кори беҳуда ва масрафи нолозима маҳсуб мегардад.
……….
- Оид ба масоили хӯрдани “саҳарӣ” ва фазоили он.
Чун саҳар аз рамзи некиҳои Ӯст,
Ин шунав аз мо дар ин бобат, дӯст:
Аз аттибоъ бишнидам ман рӯзе пеш,
Ки бибояд дӯст бошад кас ба хеш.
В-арна гардад ӯ адуи худ, ситам
Мекашад аз хӯрдаҳояш дар шикам.
Олимон фармудаанд: Баъди ишоъ,
Меъда мегардад аз ғаддод ҷудо.
Чун ғадуди зери меъда низ, дон, Баъди “Хуфтан” хоб кунад низ, ай фулон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё