ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

кӯтаҳ аст, мисли фосила байни қошони инсон ва ё салом додан аз тарафи
рост то чап...”
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили додани садақа ва шитоб дар ин кор.
Ҳалқаро соил чу зад, рӯзе, ба дар,
Соҳиби хона зи бонг омад бадар.
Дар паси дарвоза мискин чашм ба хок
Дӯхта, мегуфт зери лаб ким-чи зи бок.
Чун талаб кард марди хона: “Гӯ баланд...!”
Гуфт: “Надорам қуввате дар тори банд!”
Чун мабошад халтаро андар мавод,
Кай тавонад сар барафрохт ҳамчу бод?
Най тавонад савт аз худ дур кунад,
Гар надорад дар нафир бод, ҷӯр кунад?
Ташнаро н-ояд ба кор, гар кӯзаро
Об набошад, кор биёяд рӯзаро?
“Бо шикамсерӣ!” – бигуфтанд мардумон,
Даст ҷунбад, ай барӣ, дар ину он.
З-ин сабаб кофӣ диҳад ризқ он Мазид,
То тавонад дин шавад аз мо падид.
Хуб, чу дод мискин ба ӯ посухи худ,
Рӯй турш карду тавалло он ануд.
Гуфт: “Надорам кофӣ аз матлаб, валек
Бегаҳӣ дастрас кунам, ай марди нек!
Ман туро аз кӯча дарёбам ва пас,
Ваъдагӣ бар ту диҳам аз ону бас!”
Ин бигуфту дар бипӯшид, хона рафт,
Марди мискин шуд сер аз бӯи тафт.
Ҳамчу кас аз бӯйи дуд аз сихкабоб,
Гашт сер аз ваъдагӣ он аҳли боб.
Вақти шом, лек, марди воъид ҷустуҷӯ
Кард варо дар кӯчаҳову ҳар сӯ.
Лек, сад афсӯс, мискинони кӯчагӣ
Гуфтанд бар мард, ки кард ӯ бандагӣ.
Чун надошт вай қуввате дар он бадан,
Аз заъифӣ ҷон баромад рӯи тан.
Вақти Аср бар хок ниҳоданд мурдаро,
Бекафан, ҳамчу ки буд, бечораро.
Оҳ, агар медод ба вай аз ончи буд,
Шояд он бечора он рӯзе намурд?
...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё