Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ва ё дар шарти наср оё дидаӣ ягон махлуқи Худовандро, ки аз худ осоре боқӣ гузошта, ки он ҷо аз асотиру вазъи таворихи ҳаводис маснад шуда?

З-ин сабаб, баён неъмат асту асолиби мукаммали он сирф инсонро ҳадя шудааст ва он сеҳр аст, ки метавонад инсонеро ва ё ҷаҳонеро дилгир ва ё хароб созад ва ё ҳавли созандаи вай метавонад инсонро ва ё ҷаҳонеро хушнуд ва ё обод карда бошад ва беҳ он аст, ки давобахшанда бошад, доруе бошад ба ҷароҳати ҷон ва дилбардор дар ҳама аҳвол. Ва ин буд бахше дар танбеҳи ҳадиси гузашта аз Паёмбари акрам (с.а.в.).

……….

  1. Оид ба масоили назр ва таъхироту тақдимот аз ин кор.

Байни муғони муродан гавпараст,
Зиста буд як ҳиндуи миннатпараст.
Рӯзу шаб з-анвоъ баҳри тантақул,
Суйи масҷид як сабад мекард нуқул.
Аз хуришҳои лазиз бар коми хок,
З-ин пурӣ мекард ҷаҳиш ҳар себу нок.
Маймуне чун вақти нақл фаҳмида буд,
Маймунонро сӯи ид даъвида буд.
Тоирони хушпару садрангу рӯ,
Бурда буданд з-он сабад ҳам нону бӯ.
Соилон дар қадди роҳи он калим,
Мисли зоғон менишастанду ҳалим.
Қисса кӯтаҳ, назри ӯ поянда шуд,
Ҳар ки фаҳмид, роҳи ӯ ҷӯянда шуд.
Чун зи байн рӯзҳо гузаштанд, гашт мариз,
Рӯи болин қад кашид андоми бизъ.
З-он қади сарваш чу бутта қад бимонд,
Аз бизоъат рафт самину чарб биронд.
На табиби ҳозиқе кардаш даво,
На “худоҳош” з-ин мариз доданд шифо.
Рӯз то рӯз ҳолаташ вазнин бигашт,
Дил заъиф шуд... Оқибат часпид ба пушт.
Дар заъифӣ хоб гирифт бечораро,
Хоб бидиду гӯиё дид сояро.
Гӯиё он сояи Эзид чу буд,
Бингариста кӯи вай лабро кушуд.
Гуфт: Манам он Холиқи кулли вуҷуд,
Он манам, ки назди пом оранд суҷуд.
Ин манам, ки офаридам ҳамаро,
Ин замину осмону “Рама...,”-ро.
З-ин сабаб, номанд маро аз беҳтарин,
Он Худои мутлақе аз холиқин.

пешина
аз 131
навбатӣ