ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Баъдан, шахси вомгиранда пеш аз гирифтани қарз, дубора фикр намояд, бисанҷад, ки оё ӯ қарзи гирифтаро ба он шарте, ки аз қарзгиранда вақти қарз додан ва ё ваъдаҳое, ки худ медиҳад, иҷро карда метавонад ё на? Агар на, пас, гирифтани қарз ба ҳар баҳонаву ваъдаҳо, ин мутлақо нодуруст асту гуноҳ аст, чунки ӯ, бо сад макру фиреб, ваъдаҳои пуч ва бо дурӯғ гуфтан онро ба даст оварда истодааст, ки охираш вой аст.
Ва баргирифта аз ҳадиси боло, дигар он, ки аввалан нияташро пок кунад ва ҳамеша дар ёди бозгардонидани қарз бошад, чунки қарз, вақте ки ба дасти ӯ даромад, он амонат ба ҳисоб меравад ва бозгардонида надодани вай ва ё дар ёди гардонида надодани вай шавад, пас он хиёнат ба амонати кас ба ҳисоб меравад, вале он кас, ки аз рӯзи аввали гирифтани қарз ҳамеша дар ёду ҳаракати бозгардонидани вай мешавад, пас, Худованд ба ӯ кумак мекунад, то ки аз қарз халос шавад.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили бе изну розигии шахси дигар гирифтани моли ӯ ва оқибати ин кор.
Хонаи меъросиро рӯзе ҳисоб,
Ду бародар менамуданд дар китоб.
“Ман-гирифт” кард он яке з-он як ваҷаб,
Бе далелу бе асос, бе лутфи табъ.
Монда ҳайрон ҳамхунаш, гуфто: “Чаро
Ай бародар, ту гирӣ бештар зи мо?
Мо, ки худ дар чашми Бобо як будем,
Ин замон, баъди сараш, душман шавем?!
На набишт нома, ки дод ӯ як ваҷаб,
Бар ту бештар аз мани бечоратабъ.
На, ки дод ӯ назди мо рухсат бар ом,
То гирӣ соҳибият бештар ба ном.
На бувад ҳуҷҷат ба назди қозиён,
То барӣ бештар замин ту аз миён”
Гарчи мезад ӯ сухан аз адлу дод,
Он бародар-ш қисматашро боз надод.
Гарчи буданд “ногапӣ” то он замон,
“Ногапӣ” монданд зи он пас, ҳар душон.
Ай писар, дар кори меърос дор ҳуш,
Оташи гарми васоилро макуш.
Оташи дӯстон кунад гарм дӯстро, Пас, макан аз гӯшти худ ту пӯстро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё