ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

……….
- Оид ба масоили будани шарт дар муомила атрофи вом (яъне, қарзи пуливу молӣ).
Қарз хӯрдан – моли мардум хӯрдан аст,
Ризқи шахси дигар кам кардан аст.
Гарчи додат вом, гирифт он аз Худо,
Бин, ки ӯ ҳам қарздор аст, ай фато.
Ризқ – қарз аст то адои бандагӣ,
Гар адо натвонӣ кард, шармандагӣ!
Ӯ, к-ато кард ризқи ту, вай оқибат,
Аз наъим пурсон шавад дар Рӯзи бад.
Бар “Такосур”, рав, афкан ту назар,
Ояти охир бихон, ай банди зар.
Мол ҳисобро дӯст дорад, касраташ
Мекунад бероҳа касро дар раҳаш.
Мушкил нест то ки мол ояд ба даст,
Мушкил он аст гар равад ӯяш зи даст.
Гарчи касрат хоҳӣ ту дар моли худ,
Дар ҷавобаш фикр низ бояд намуд.
Ту дуруст гӯӣ, ки ризқ дар ризқи ӯст,
Мисли он ки ӯ – гӯшту ту – пӯст.
Аз хуни гӯшт пӯст хӯрад обу намак,
Он, ки инро дарк накард, ӯст – кӯрнамак!
Ин ҳама андом зи нофи он Худост,
Он, ки инро рад кард, н-аз аҳли мост.
Лек бувад шарт андар ин кори нафис,
Худ бигӯ, к-ин шарти нозук, пас, чист?
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
ман ахаза амвола-н-наси йуриду адоаҳо адда-л-лоҳу ъанҳу”, яъне, дӯстам, “...
ҳар кас, ки амволи мардумро (ба унвони вом) мегирад ва нияти пардохти онро дошта бошад, Худованд воми ӯро пардохт хоҳад кард”.
Бале, чунин ҳам ҳаст, дӯстам, ки ҳамаи ин кор аз нияти аввалину пасини мо вобастагӣ дорад!
Вақте ки шахс аз каси дигар вом, яъне қарз мехоҳад гирад, ӯ бояд инро дарк
кунад, ки вомдиҳанда низ ин неъматро аз Худо, ҳамчу нафақа гирифтааст, то ки
адои бандагӣ намояд, то ки ӯ оиладорӣ карда тавонад, то ки хароҷоти
зиндагониашро бароварда тавонад, то ки хароҷоти илмандӯзӣ ва хонадор
намудани фарзандонашро бароварда бошад ва ҳоказо. Ва ин мазмуни онро дорад, ки то ин шарти бандагиро ба ҷо наорад, ӯ низ дар назди Худованди раззоқ қарздор аст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё