Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Хонаи шумо мебарам.
— Хонаи мана сурати додои ту ҳаром мекунад, бачаМ. Башарааш дар гӯр. Ман сурати вайро месӯзонам, таги по мекунам. Набинам мегӯям вайро, бачам, набинам. Ана! — Бобо аз гӯшаи чорчӯба дошта ба беруни тиреза партофт. Сурати додояшро пеши назари Меҳрубон шамол мебурд, аз як шоҳ ба шоҳи дигари дарахтони лаби ҷӯ мезад, ниҳоят он ҳам миёни роҳи мошингард афтод, мошине аз болояш гузашт, мошинҳои дигар ғув-ғув садо дода мегузаштанд, думашон канда набуд... Бобояш чӣ кор кард? Сурати додои ӯро партофт? Набинам, месӯзонам, таги по мекунам онро, гуфт?! Дашном дод? Суханҳои қабеҳ зад?
— Биёр сурати додома, рафта гирифта биё, чиба партофти? Чиба ҳақорат кардӣ? Месӯзам гуфтӣ?..— Меҳрубон ба бобояш «ту» гуфта муроҷиат намуд, беодобӣ кард, ранҷонд ӯро.
— Шунидӣ, ин ҷавонмаргат чӣ гуфт? Ба ту мегӯяМ, Шунидӣ?!— Ба сари модари Меҳрубон фарёд бардошт бобояш:— Вай маро ҳақорат кард, «ту» гуфт. Мӯям ба сафедӣ заду аз бачаҳои худам ин гапро нашунида будам, онҳо мана «ту» нагуфтаанд, не, нашунидам, аз набераҳоям ҳам... Худат инро зан, ки параҳои рӯяш алов гирад, аз почаҳои биниаш хун сар кунад, зан, гуфтам, зан! — Аз Мушарраф талаб кард падар.
— Саратонро ба сари кӯдак намонед, додо, шумо одами калон одами боақл...
— Ҳамин сагераатро майда мегӯӣ? Ин майда нест, пухтагӣ аст, заҳри мор аст, хуни бинӣ мурад худоё, ҷавонмарг шавад...— алами дили мӯйсафед паст намешуд: «Гапи ич кӯдакро бина, вайро «ту» гуфт, нигоҳаш як боғазаб, як пуркин, ки... Илоҷ ёбад, аз афташ, ӯро мезанад... Сагераи ғамдарсар... Тавба!»
Сабзагул рост гуфта будааст, деру дур нагузашт, ба сари бачаҳаки эрка, талбидаю харидааш рӯзи сиёҳ омад, дарду доғи онҳо сар шуд, лат мехӯранд, пеш-пеши по мешаванд бачаҳояш, «сагера» мегӯянд онҳоро хама! Ҳарфи хунук, ба дилаш ханҷар барин расид, бобояш Меҳрубони вайро «сагера» гуфт. Бо ҳазор азоб тоб меорад ӯ, лекин сагера, бепадар шудани бачаҳояш душвор, дар зиндагӣ озор мебинанд онҳо, рӯзашон бад мешавад. Сабзагул бехуда роҳи шавҳарашро поида нанишаста будааст, зани боандеша, зиндагидида будааст, Сабзагул... Аҳсан, ҳазор аҳсан ташаккур ба ӯ.

пешина
аз 399
навбатӣ