Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Мушарраф худашро бахшад ҳам, хешовандон, падару модар, бародаронаш намебахшанд.

— Ҳоло ҳам шукр гӯӣ, ки худам омадам, сабукӣ накунанд гуфта, додарҳоятро нагузоштам... Агар онҳо меомаданд, медонӣ, чӣ мекарданд? Агар ҳамин гапҳоятро ба онҳо мегуфтӣ, дасту поятро баста туро аз ҳамин хонаҳои баландat ба замин меандохтанд, ё саратро аз танат ҷудо мекарданд, вай шавҳари бадмастатро ёфта пайхум мебастанд, хун мерехтанд, шӯру мағал ғавғое мехест... Худат вай Шоҳназари девонаро медонӣ, ҳар рӯз бо як-ду кас дилсиёҳӣ наандозад, устухонбандиаш ба ҷо намеояд, хунмаст аст, чанг кофта гаштааст, шери майдон аст вай, шукр кун, ки ҳамин хел ворисдаракҳо дорӣ, даҳони мардакро медарронанд. Дигар ту ин ҷо зиндагӣ намекунӣ, садқаи зан, хонаю дари обод шавад... — бобои Меҳрубон даст ба китобҳои ҷевон бурд, китобҳоро ӯ як-як ба рӯи хона, ба ҳар сӯе дасташ равад, ҳаво медод, ба тарафи долон, ба зери пояш мепартофт.

— Китобҳоро чӣ мекунед, додо? — хомӯш истода наметавонист Мушарраф.

— Инҳоро ман аловдаргиронӣ намекунам, безорам. Ҷевонро мегирам, анҷомҷойгоҳ, чойнику пиёламонӣ мешавад...

— Ихтиёратон, ба чашматон ширин тофта бошад, гиред...

— Киноя назан. Туро ба ин одам дода чӣ фоида гирифтам? Чӣ нафъаш ба ман расид?.. Аз худат ба худат нестӣ. Дар ҳамин солу замонаи серӣ ва пури баъзан нони хӯрдан намеёбӣ... Шарм надошта либосҳоятро бурда фурӯхта арақ хӯрд. Боз шон нависанда, рӯзноманигор. Номи калону шаҳри вайрон. Якрӯза хӯрду хӯроки мана шумоҳо як моҳ мехӯред. Аз дари хонаатон саг намедарояд, дар қишлоқ ба шумоҳо механданд, шумоҳоро сахти мурда мегӯянд. Шарм медоранд, набошад, вақти ба хонаатон омадан нону ошашонро ҳам бардошта меоранд. Ҳамин ғами бечизӣ, дасткӯтаҳии ту очаатро пир кардааст. Шабу рӯз ғуд-ғуд мекунад, як чиз хӯрад, хушаш ба ту. «Духтарам, гурусна будагист», мегӯяд. Боз «ман намеравам, Нозимиро бинам», мегӯӣ. Ба чӣ ҷиҳати вай дилкашолӣ? Ба дастархони пуру боғу майдонаш? Мегӯянд-ку вай нони гандум ҳам надораду забони мардум ҳам...— Аламҳои дили падар

пешина
аз 399
навбатӣ