Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Боз ташвишҳои дигар, баҳсҳои байниҳамдигарӣ, рақобат. Эҳ, кадом яки онҳоро ба ту гӯям... Гуфта ҳам чӣ мекунам... Фоида надорад, хайрият ана ҳамин чӯҷаҳақомон ҳасту ғаму аламҳо аз хотир мераванд, Меҳрубонро мебинаму дилам қувват мегирад...— Нозимӣ сарашро ба даруни гаҳвора дароварда, болои писаракашон ҳам мезад. Аммо ҳушу гӯши вай ба гуфтоҳҳои падари фарзандаш: ғаму дорад ӯ? Тасаввур намекард, ки байни одамони бузург, бофаҳму илмнок (кормандони газета дар ақидаи ӯ ҳамин хел мардум буданд) бахилу сиёҳдил, бадандеш бошанд. Не, одамони авому камсавоанд, ки якдигар катӣ беҳудаю баҳуда «тую ман» мегӯянд, ҳамдигарро меранҷонанд. Нависандаю рӯзноманигорон одамони бекинаанд, софдиланд. Ҷои кори онҳо мӯътабар, худашон ҳам ҳама бофазилат.
Як рӯз шавҳараш бо табъи гирифта аз кор омад. Чеҳрааш гирондагӣ, гӯё бо касе ғазо андохта бошад. Ба саломи Мушарраф базӯр алек гирифта ҷомаашро пӯшид, Меҳрубонро ба бағал гирифта ба боғ баромад... Чӣ хеле дар қишлоқашон мегӯянд, шавҳараш рафту рафт, ҷой дам кард, нон овард, хӯрок пухт. Аз вай дарак не, гӯё дар боғ реша гирифта буд ӯ. Медонист, ки Меҳрубонаш рӯзҳои дароз ҳам, ки бо падар бошад «бинг» намегӯяд, ғаш намекунад, як реза кӯдак бӯи падарро гирифтааст, ӯро шинохтааст.
Баргашт ӯ, шоду хурсанд, чунон ки гӯё ӯ Нозимии андаке пеш бо табъи гирифта омада набуд. Даҳонаш то бехи гӯшҳо. Як мегуфту ҳазор механдид. Палакпалак аз руҳсораҳои Меҳрубон мебӯсид. «Хайрият, ту ҳастӣ, Меҳрубонҷон, хайрият!», гуфт ӯ.
— Боз чӣ алам расид? — шӯхӣ кард Мушарраф.
— Напурс, занак, имрӯз маро ба чанд идора кашиданд, дӯғу пӯписа шунидам, ғавғо хест.
— Барои чӣ?
— Барои мақолаи ҳаминрӯза.
— «Булҳавас»? О вайро ҳамин рӯз то бегоҳ мардум таъриф карданд. Дар миёни ҳамсояҳо, дар кӯча, дар ҳама ҷо гапи ҳамин мақола.
— Ба ҳама маъқул, ба вай мардаки зану бачадор маъқул не, девона шудааст. Редакция омада, пӯписа кард, дӯғ зад...
— Худо занадаш, эҳтиёт шавед, мардак, ин хел одамҳо гандаанд, зарар мерасонанд, аз дасташон ҳар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё