Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
рақс кардааст, чапак задааст, аз худ бехабар, девона барин!
Ба табрики Мушарраф омад ӯ. Гулдастаҳои ранги ба ранг дар бағал дошт. Болои ҷойхобаш ҳаво дод гулдастаҳоро, хона гулборон шуд. Ҳама ҷо пури гул. Ҳабари хуш дар забон сӯи редаксия давид.
— Ман писардор шудам, рафиқон, меросхӯр, ни- Шонаи умр! — гуфта пеши ҳамкорон ҳам аз завқ рақсидааст, шеърҳо хондааст. Аз хурд то калони кормандони рӯзнома аз шодиаш шод, оғӯш карданд ӯро. Ба хаёлаш аз дару деворҳои бинои қадимаи рӯзнома ӯ нидои «писар муборак»-ро мешунид. Фарроши рӯзнома холаи Зевармоҳ, ҳам ба муборакбодии ӯ омад. Нозимӣ муҳити ҳамкорон, меҳрубонӣ, дӯстии онҳоро ҳамон рӯз ҳис кард... Барсӣ меҳрубонии он рафиқон ба писараш Меҳрубон ном дод. «Меҳрубони падар шавад, бачаҳакам», гуфта пеши Мушарраф вайро рӯи даст гирифт, аз чашму абрувонаш бӯсид, чун китоби муқаддас тавофаш кард. Аз рӯзи ба хонааш овардани писаракашон — ҳамин Меҳрубон, ки ҳоло сарашро андаке аз рӯи болин бардошта чашм ба рӯи модар гоҳе мижа мезанад, кулбаашон нуру намуди нав ёфт. Меҳри тифл Нозимиро ба хона мекашид, як пояш дар ҷои кору пои дигар дар хона, бармаҳал меомад. Мисли пешина ҳар ғоти шаб, ки хоҳад, не...
— Меҳрубонро ёд мекунам, хуморӣ мешавам,— аз дар даромада сари гаҳворааш медавид, рӯйпӯши гаҳвораро бардошта хоб ҳам, ки бошад кӯдак, аз рухсорақаяш мебӯсид, бо вай ҳарф мезад, мегуфту механдид, пас аз соатҳои бо ӯ гуфтану хандидан, ба лабаш табассум овардан аз ҷой мехест, дастонаш дар миён оҳи сабук мекашид.
— Хастагиям баромад, Мушарраф, фаромӯш мешаванд ҳамаи ғурбату хархашаҳо...— мегуфт Нозимӣ.
— Хархашаю ғурбат? — парешон мешуд Мушарраф.
— Ту чӣ медонӣ, занак.
— Чиро?
— Хаёл мекунӣ, ки ман ғам надорам.
— Ғам?
— Ҳа, ғам, алам, боз як олам ҷангу ҷанҷолҳо... хархашаҳое, ки пеши ту гуфта намешавад. Байни мо, аҳли қалам ҳам одамони нопок, сиёҳдил, мансабхоҳу бахилҳо ҳастанд, аз таги нохун чирк мекобанд, тор метананд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё