Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

нагузоранд, сарашону равганашон... Худо занад ҳамаи ин духтурҳоро ҳам. Рӯйбинӣ мекунанд, бо ҳазор фириб Нозимиро пеши вай бурданд. Танҳо ба модар мумкин набудааст, ки бачаашро бубинад. Номаққул кардаанд... Медарояд, канӣ як чӣ гӯянду бинанд. Як ҷонаш фидои ӯ, ёфтаанд гӯлу аҳмақу нодонашонро». Дари ҳуҷраи писаракаш кушода гашт. Боз Нозимӣ пеш-пешу сардухтур аз паси ӯ. Даҳони ҳарду ҳам гиз, механдиданд.

— Ҳамаи даводаву табобатҳои мо як пула фоида надод. Овози худатон ба бача дору будааст, овози худатон. Қоил шудам, қоил. Як бори дигар агар шуморо болои сараш бинад, аз ҷойгаҳ мехезад. Аз ҳад зиёд ба шумо меҳр доштааст, аз ҳад зиёд, — сардухтур ба шавқ омада буд.

Мушарраф шитобон аз назди онҳо гузашт. Сардухтур «келин, надароед, мумкин не», нагуфт ба ӯ. Худаш ҳам гӯяду қандашро хӯрад. Ҳамон ҳамшираи шафқат, зани миёнсоли чашмуабрӯсиёҳ болои сари Меҳрубон буд.

— Оча, — гуфт Меҳрубон.

— Ҷони оча, маро талхакаф кардӣ, ҷон аз дасту поям баромад, бачам, — кафи дасташро ба сари Меҳрубон монд модар.

— Додом қатӣ ҷанг накунед, оча, гуфтанд, ки хонаи худамон мебиёранд, дигар намераванд.— Сарашро андаке аз болишт бардошт.

— Додояшро дӯст медоштааст, вай болои сараш омаду ду-се бор Меҳрубон гуфт. Чашмони кӯдак кушода шуданд. Ҳаросон шуд, майли хестан кард, «до-до, додо» гуфт. Ҳайрон мондем ҳама. Тавба!

— Вай ҳамин хел, хола, ба ӯ одат кард. Оқибат чӣ мешуда бошад, намедонам...

Модар сарбаста сухан мегуфт, ёдаш ба рӯзҳои шоду хурсанд будани писараш буд, ба рӯзҳое, ки Нозимӣ барои соҳиби тифл гаштанаш аз хурсанӣ худашро гум карда буд.

...Хабари писар таваллуд кардани Мушаррафро Нозимӣ аз кӣ шунид? Намедонад.

— Писар! — Аз ӯ муждагонӣ хостанд.

— Писар?! Рост?!

— Ҳа, писар.

Паси тирезаи таваллудхона Нозимӣ чарх задааст,

пешина
аз 399
навбатӣ