Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

кор меояд, — Мушарраф аз боиси шавҳар ба ташвиш афтод.

— Дурӯғ нанавиштаам, занак, ҳамааш рост. Вай ҳаннот, фиребгар, маишатпараст.

— Рост ҳам бошад, шумо наменавиштед, беҳтар, саратонро ба ҷанҷол мондед.

— Дилам барои занаш, бачаҳояш сӯхт, якеаш аз ҳамин Меҳрубони худамон андаке калонтар, «додо, додо» мегӯяд, гиря мекунад, ба падараш дил андохтааст, касал шудааст... Модари бачаҳояш ҳам зани ба наҳӣ не, хушрӯяк, бомаънӣ, «ака ба доди мо расед, ёрии диҳед», гуфта мижа занад, рӯяшро оби дида мегирад. Ин мардак бошад, як духтари хушрӯи аз худаш чандҳама хуррдро ёфта, аз думаш гаштааст. Хона гирифтааст, манзил кардааст, зану кӯдаконаш аз хотираш рафтаанд, суроғ намекунад онҳоро. Ҳамаашон садқаи зани хушрӯяш... Ин хел одамҳоро танқид накарда чӣ мекунӣ.

— Хуб кардед, лекин метарсам.

— Ҳеҷ номаъқулӣ карда наметавонад. Журналистон наметарсанд, чашмашон пухта шудагӣ...

— Имрӯз ҷеғ заданд, гуфтед?

— Ариза навиштааст. Навиштааст, ки гӯё зани калонии вай пеши ман бисёр меомадааст. Тӯҳмат кардааст...

— Занаш пеши шумо неомад?!

— Поят сӯхт лаби об медави-дия.

— Бечора.

— Аз дигар ҷиҳат маро сарзаниш карданд. Гуфтанд, ки мақола аз ҳад зиёд дурушт, суханҳои сахт, ҳақоратомез... Нармтар менавиштаам, ба иззати нафсаш бояд нарасидаам, яъне, на сих сӯзаду на кабоб. Исмоилдавон мекардаам. Ана гапу... Ман ин хел одамҳоро зада кушам ҳам, осуда намешавам, чашми дидан надорам. Кӯдаконашро хор кардааст, падар дар бағали зани ҷавону онҳо чашм ба роҳи ӯ, гуруснаю ташна, «додом ку?» «Кай меоянд?» гуфта домони модарро медоранд. Кӯдакҳо чӣ гуноҳ доранд, ки бо айби падару модари айшпараст, сабукфикр сарсону саргардон, раҳрезу рӯрез шаванд... Марг ба чунин падару модарҳо, дил надоранд онҳо, бераҳманд, роҳати ҷони худашонро мехоҳанд...— Аз ғазаб хун ба сару рӯи шавҳараш давид, суп-сурх шуд.

— Ғами худатонро хӯред, додош, дунё пури одами

пешина
аз 399
навбатӣ